Гиромидошти соҳиби “Хонаи асрори маънӣ” дар маҳфиле дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-04-13 15:19
Китобхонаи марҳум Рамазон Ғозӣ дар ноҳияи Муъминобод бештар аз шаш ҳазор китоб дорад ва хонандагонаш на танҳо китоб мутолиа мекунанд, балки ширкаткунандагони маҳфилҳои «Модарон китоб мехонанд», «Китобхони беҳтарин», «Маҳфили физикҳои наврас» мебошанд.
Бо ташаббуси шуъбаи Матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар толори «Ошёни булбулон» маҳфили адабӣ ба гиромидошти хотираи шахсияти фарҳангию сиёсӣ, муассиси китобхонаи ҷамъиятии «Хонаи асрори маънӣ» - Рамазон Ғозӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ дўстону пайвандон, ҳамкорону ҳамкасбон, аҳли адабу ҳунар, кормандони фарҳангу санъат ва шогирдону пайравони марҳум ширкат намуданд.Ҳозирин дар мавриди шахсияти Рамазон Ғозӣ
ва китобхонаи ҷамъиятии «Хонаи асрори маънӣ» изҳори андеша намуда, таъкид намуданд, ки «шахсияти устод Рамазон Ғозӣ намунаи инсони комил ва мояи пайравию тақлид аст».
Гадобек Маҳмудзода – муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон вобаста ба вазъи кунунии ҷомеа ва мавқеи китобу китобхона дар ҷомеа суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки “дар замони ҳассоси муосир, ки тамоми арзишҳо бо иқтисод ва сармоя пайваста шудаанд, Рамазон Ғозӣ новобаста аз вазъи мушкил аз маблағҳои пасандозӣ ва бо дастгирии дўстону пайвандон як китобхонаи муосирро бунёд намуда, ба ихтиёри ҷамъият ва наврасону кўдакон супоридааст. Дар замоне, ки мардум барои худ кушку қаср месозанд марҳум Рамазон Ғозӣ китобхона бунёд намудаанд. Ин худ нишондиҳандаи шахсияти эшон аст».
Китобхонаи ҷамъиятии «Хонаи асрори маънӣ» соли 2012 дар ноҳияи Муъминобод таъсис шуда, зиёда аз 6 ҳазор нусха китоб дорад ва дар он маҳфилҳои «Модарон китоб мехонанд», «Китобхони беҳтарин», «Маҳфили физикҳои наврас» ва курсҳои забономўзӣ фаъолият мекунанд.
Дар китобхонаи ҷамъиятии «Хонаи асрори маънӣ» гўшаи Китобхонаи миллӣ низ таъсис шудааст, ки он зиёда аз 1000 нусха китобро дар бар гирифта, ҳамзамон рўзномаву маҷалла ва нусхаҳои электронии матбуоти давриро фарогир мебошад.