Ду ниҳоди Китобхонаи миллӣ – Маркази “Тоҷикшиносӣ” ва Шуъбаи матбуоти даврӣ дар доираи барномаҳои Рӯзи китоб ва ҷашни истиқлолият ҳамоиши муштараки илмӣ-оммавӣ таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ» баргузор карданд.
Ин ҳамоиш субҳи имрӯз бо суханони ифтитоҳии Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода шуруъ шуд.
Директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки Истиқлолият сартоҷи ҳамаи ҷашнвораҳои кишвар аст ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола ин рӯзро бо як тантанаи хосу як омодагии қаблӣ ҷашн мегиранд.
Абдусалом Мирализода ҳамчунин таъкид кард, ки дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Маҳз талошу кӯшишҳои ин абармард буд, ки дар Тоҷикистон оташи ҷанг хомӯш гашт, мамлакат ба суботи ҳамешагӣ расид ва иқтисод рӯ ба рушд овард. Аз ин рӯ Истиқлолият бояд барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ид бошад, ифтихор бошад ва он бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта шавад”.
Баъдан, шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ дар мавзўи «Истиқлолият ва рушди фарҳанги миллӣ» баромад намуда, қайд намуд, ки маҳз расидан ба истиқлолият пояҳои фарҳанги миллиро таҳким бахшид, Тоҷикистон рӯ ба тамаддуни миллии худ овард”
Сардори раёсати сиёсати хориҷӣ ва ояндабинии Маркази таҳқиқоти стратегии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи «Истиқлолият ва эҳёи давлатдории миллӣ» суханронӣ кард. вай аз ҷумла гуфт: “Агар мо тамоми дастовардҳои Истиқлолиятро хулоса кунем, дар меҳвар масъалаи ҳифзу наҷоту эҳёи давлатдории миллии мо тоҷикон меистад. Мо қаблан соҳиби сарзамин будем, соҳиби фарҳанг будем, вале иродаи аввали идоракунии давлат дар як муддат дар дасти дигарон буд. Бинобар ин, мо 26 солагии истиқлолиятро на ҳамчун 26 солагии ташкили давлатдории тоҷикон мегирем, балки 26 солагии бозгашти истиқлолияти сиёсии миллати куҳан, давлати ҷавон мегирем. Мо 25 сол не, балки 25 аср аст, ки соҳиби давлат ҳастем”.
Маврид ба ёдоварист, ки дар чорабинӣ олимону мутахассисони соҳаи сиёсатшиносӣ ширкат намуда, андешаву афкори худро вобаста ба муҳимтарин масъалаҳои истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои давлатию миллӣ, муқаддасоти давлатӣ ва дигар унсурҳои давлатдории миллӣ дар замони муосир баён намуданд.
Фарзонаи МИРЗО