“Шеъри Маҳтоб содда аст, аммо соддаи пур аз ҳузну сурур, пур аз мураккабиҳои зиндагии пуртазод ва дилнишин”.
Гулрухсор, сарсухан ба китоби
«Барги сабз», Душанбе, нашриёти
«Адиб», соли 1987
Ин матлаб аз умеду ноумедист. Аз рӯзгори бонуи сухан Маҳтоби Зокир. Агар умр барояш вафо мекард, 20-уми сентябр ба 61 қадам мегузошт. Ва соле пеш шастсола буд...
Маҳтоби Зокир. Оне, ки умре порсо зист, оддӣ ва миёни анбӯҳи мардум танҳо зист. Ва бо ҳамин танҳоӣ аз ин олам
24-уми сентябри соли 2017