Аз ҷумлаи машҳуртарин чеҳраҳои илмиву адабӣ ва динии тоҷик аст. Соҳибмактаб ва соҳибкитоб. Файласуфи машҳур, шоире борикназар, носире хушсухан. Дар сафарноманависӣ беҳамто, пандномааш бӯйи Қуръону Ҳадис мекунад. Хондани осораш ҳаловати хос дорад.
Носири Хусрави Қубодиёни шоири форс-тоҷик, файласуф, арбоби дин соли 1004 дар деҳаи Юмгони Бадахшон дар оилаи давлатманди асилзода ба дунё омадааст. Аз айёми кўдакӣ ба омўзиши илмҳои замони худ, аз қабили сарфу наҳв, забони арабӣ, илми адаб, фалсафа, табииёт, тиб, ҷуғрофия, нуҷум , фиқҳ ва ғайраҳо машғул шудааст. Дар солҳои ҷавонӣ дар дарбор дабирӣ кардааст.
Сухан аз Амир Хусрави Деҳлавист, ки 27-уми сентябри соли равон ба вафоташ 692 сол мешавад. Амир Хусрав яке дигар аз суханварони форсигӯи ҳавзаи адабии Ҳинд аст.
Ва матлабро аз ин ғазали зебо оғоз кунем. Ғазале, ки як замон дар Тоҷикистон ҳам гуруҳҳои гуногуни Шашмақом месуруданд. Ва чӣ навои дилангезе дошт оҳанги ин ғазал:
Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,
Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ.
Ҳаргиз наёяд дар назар нақше зи рӯят хубтар,
Шамсӣ надонам ё қамар, ҳурӣ надонам ё парӣ?
«Гоҳо аз мо мепурсанд, ки чаро мо дар замони истиқлолият ба рушду такомули забони давлатӣ ин қадар эътибори ҷиддӣ медиҳем.
Ин тасодуфӣ нест, чунки забон на фақат воситаи муҳимтарини муомилоти инсонӣ ва падидаи иҷтимоист, балки нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолату ҳувияти миллат мебошад.»