Назри Яздонӣ: Худшиносии ҷавонон масъалаи муҳими рӯз аст
Истиқлолият, ба андешаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо аст. Ин неъмати бебаҳо ва дигар арзишҳои волоро дар ҳар давлате пеш аз ҳама ҷавонони бедору бофарҳанг, хештаншинос ва баномусу ватандӯст ҳифзу қадрдонӣ мекунанду пойдору устувор медоранд. Дар робита ба ин мавзўъ суҳбати рӯзноманигор Валиҷон Баёниро бо шоир ва файласуфи шинохта Назри Яздонӣ пешкаш мекунем.
- Устод, имсол Истиқлолияти кишвари мо 25-сола мешавад. Ин неъмати бебаҳо дар зарфи 25 сол ба насли ҷавони мо чӣ дод?
- Аз назари ман, аввалин дастоварде, ки 25 соли мубораки Истиқлолияти сиёсӣ ба ҷавонон додааст, эҳсоси дилпур будан, хештанро дар арсаи сиёсат, иқтидору фарҳанги чаҳонӣ шинохтан ва дар пойи худ устувор истодан аст. Дигар ин ки бо шарофати сиёсати бисёр ғамхоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон, сатҳи салоҳиятмандӣ (профессионализм)-и ҷавонон ба ҷараёни рушду баркамолӣ қавитар шуд. Саҳми шахсии Пешвои муҳтарами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷавонон хеле калон аст. Президенти арҷманди кишвар сарфи назар аз мушкилоти молиявии ҷумҳурӣ лоиҳаи «Дурахшандагон»-ро таъсис додаанд, ки тибқи он шумораи зиёди ҷавонон дар беҳтарин донишкадаҳои олии ҷаҳон таҳсил мекунанд. Соли 2015 3000 донишҷӯву аспиранту докторант таҳсили худро дар хориҷи кишвар анҷом доданд. Нуктае ки бисёр муҳим буду дар замони истиқлолият бештар муваффақият пайдо кард, тибқи квотаи Президент ба таҳсили олии касбӣ фаро гирифтани духтарони маҳаллаҳои рустову кӯҳистон буд. Ба ин масъала дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам зиёд диққат дода мешуд, вале муваффақият пайдо накард. Имрӯз ин иқдом дар минтақаҳо самараи нек ба бор овардааст. Аз байни ин духтарон аллакай номзадҳои илм баромадаанд. Бештараш дар мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳои тиббиву таълимӣ кору фаъолият мекунанд.
Дар соҳаи варзиш дастовардҳо нисбатан хеле васеъ ҳастанд. Истиқлолият барои варзишгарон шароити бисёр хуб фароҳам овард. Имрӯз баргузор гардидани мусобиқаҳои махсуси Ҷоми Президент дар риштаҳои гуногуни варзиш, ба мисли теннис, дзюдо, футбол ва таъсис додани академияҳои варзишӣ аз қабили тадбиру ғамхориҳо дар ин самт мебошанд. Дар ин давра, боз омӯхтани забонҳои хориҷӣ маъмулӣ шуд. Имрӯз ҷавононе ҳастанд, ки забонҳои хориҷиро хуб медонанд.
Дигар чизе ки дар назари ман бисёр муҳим менамояд, соҳибкории хурду миёна аст, ки барои ҳар давлату кишвар аҳамияти муҳим дорад. Имрӯз дар ин соҳа ҳам ҷавонон бештар фаъолу муваффақ ҳастанд. Сарфи назар аз он ки мушкилиҳои зиёд дар кредит, муносибатҳояшон бо ташкилотҳои назоратӣ ва ғайра доранд. Чор соли охир ҳукумат ва Маҷлиси Олии кишвар барои ба тартибу танзим даровардани ин муносибатҳо чораву тадбирҳои зиёд анҷом доданд. Чандин қонунҳо ба тасвиб расонида, меъёрҳои ҳуқуқиро дуруст карданд. Аслан, ҳар коре ки дар зарфи 25 сол дар ҳама самтҳо анҷом додем ва ҳар дастоварде, ки ба бор овардем, барои ҷавонон аст. Акнун, эҳсоси шинохтану эҳтиром кардан ва тақвият додану ғамхориву муҳофизат намудани ин дастоварҳо ба зиммаи онҳост. Ин насл нисбат ба насли мо толеи баландтар доштааст, ки насибу муборакашон бод!
- Мутаассифона, имрӯз бархе аз ҷавонон ба қадри Истиқлолият ва кишвари ободу ҳаёти озоду осуда намерасанд. Фирефтаи суханҳои сиёҳу даъватҳои сӯзандаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мешаванд. Ба фикри Шумо, барои ҷилавгарӣ аз гаравидани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо ва роҳҳои хато бояд чӣ гуна чораву тадбирҳоро пиёда кунем?
- Агар дар қиёси дигар давлатҳо, масалан Афғонистону Русия ин таъсир дар Тоҷикистон хеле кам бошад ҳам, барои мо бонги хатар аст. Мо, албатта якчанд сабаби объективӣ дорем, ки аввали он бекорӣ аст. Ҳарчанд, ки соли гузашта дар самти корофаринӣ, яъне дуруст кардани ҷойҳои нави корӣ муваффақиятҳо зиёд буданд. Масалан, чандин фабрикаву комбинат ва корхонаҳои хурд таъсис ёфтанд ва дар онҳо бештар ҷавонон ба кор фаро гирифта шуданд. Бархе аз ҷавонон бо сабаби бекорӣ ва беҳ карда натавонистани шароити иқтисодиашон, имконияти пеш бурдани ҷаҳонбинии хешро надоранд. Яъне, сабабҳои объективии бекориву камбизоатӣ як халои бисёр хатарнокро ба вуҷуд меоранд, ки ин холигии иттилоотӣ, холигии ақидатӣ ва дар маҷмуъ халои идеологӣ аст. Бо ин сабабҳо, тадбирҳои тарбияи идеологӣ таъсири кам расонида, суди дилхоҳ намедиҳад. Аз ин лиҳоз, ҳар тадбире, ки мо дар боби масъулияти падару модар, мактабу муаллим ва Кумитаи ҷавонону дигар ниҳодҳо аз тариқи қонунҳо ҷорӣ мекунем, бояд бисёр пайгирона ва суботкорона анҷом дода шаванд. Имрӯз, дар шароити зиёд будани бекорӣ ва паст будани савияи ҷаҳонбинӣ таъсири манфии қудратҳои ташвиқотӣ аз тариқи интернету телефонҳои мобилӣ авҷ гирифтааст ва бархе аз ҷавонон ба онҳо дилбастагии зиёд доранд, ки ин дилбастагии ноогоҳона буда, дар он шинохти ҳақ аз ботил, манфиат аз зарар вуҷуд надорад. Чунин ҷавонон намедонанд, ки кадоме аз ин иттилоот ба манфиат аст, кадомаш бар зарар. Дар самти пешгирӣ ва тарбияи чаҳонбинии ҷавонон мо бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Аз ҷумла, дар тамоми маҳаллаҳо ва минтақаҳои кишвар бо ҷавонон, падару модар ва дигар сокинон суҳбату вохӯриҳо гузаронем. Аз ҳодисаҳои рухдода мисолҳо оварда, оқибатҳои пайвастани ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистиро барои онҳо рӯшан кунем. Масалан, як ҷавони фиребхӯрда дар ҷанги Сурия вафот мекунад ва фардо зани ӯро маҷбур мекунанд, ки бо никоҳ аст ё беникоҳ ҳамсари марди дигар шавад…
Ё ҷавони дигаре модари худро ваҳшиёна ба қатл расонд… Ин ҳодисаҳову оқибатҳои сахту сангину нангинро мардум бояд донанд.
Ташкилотҳое, ки ба дин сару кор доранд, бояд ба мардум рӯшану саҳеҳ фаҳмонанд, ки он мусулмонии сиҳат, он исломе, ки дар Қуръону ҳадису суннат зикр шудааст, танҳо дар Тоҷикистон аст. Дар дигар ҷо ҷӯстани он камоли беандешагист. Ворисони ҳақиқии содиқонаву ҳалоле, ки Ислом дорад, дар Тоҷикистонанд. Албатта, ин кору маъсулияти танҳо як шахс ё як ниҳод нест. Кори пурмашаққат аст. Бояд якҷоя ҳамасоата ва босаброна анҷом шавад, ки гумон мекунам як рукни саҳми Ваҳдати миллии мост.
- Албатта, дар шароите, ки баъзе қудратҳо ва ҳизбу ҳаракатҳо таҳоҷуму таъсир ба мафкураи ҷавононро василаи муҳими расидан ба нақшаву ниятҳои худ қарор медиҳанд, матбуот метавонад муҳофизи тавоно ва аслиҳаи асосӣ алайҳи онҳо бошад. Ба фикри Шумо, рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» имрӯз барои ҳифзу ҳидояти ҷавонони кишвар чӣ гуна тадбиру чораҳои муҳимро метавонад ба роҳ монад?
- Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар ин самт хеле пайгирона ва босубот кор мекунад. Шояд зарур бошад, ки барои ҳайати эҷодии ин рӯзномаи умумиҷумҳуриявӣ бештар имконият фароҳам оранд, то ин фаъолият ё маъсулиятро рӯ ба рӯ анҷом диҳад. Зеро ин рӯзнома медонад, ки дар ин боб аз кадом сайту самтҳо ва қудратҳо истифода бурдан даркор аст. Имрӯз хилофати бардурӯғи исломӣ дар шабакаҳои ҷаҳонии интернет ва телефонҳои дастӣ 35 000 сайтро вобаста ба ҳар як қишри ҷомеа роҳандозӣ кардааст, ки мутахассисонашон тавассути онҳо корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда, ҷавононро гулу гумроҳ мекунанд. Дили ман бештар барои он ҷавононе месӯзад, ки «ҷиҳод барои Худо ва Ислом» гуфта мераванду намедонанд, ки бадтарин фиребро мехӯранд.
Хештаншиносии ҷавонон масъалаи муҳими рӯз аст. Фарз кардем, агар як ҷавон шинохта бошад, ки имрӯз дар тамоми кураи Замин, аз он ҷумла дар давлатҳои исломӣ он исломи нобе, ки тибқи Қуръону ҳадису суннат амал мекунад, танҳо дар Тоҷикистон аст, мумкин андешаи хом накунаду ба чунин роҳи хато наравад. Имрӯз дар муқобили ин ҳама зарбаву сахтиҳо бедору устувор бояд буд, зеро ин хатари даҳшатнок аст. Ин масъулияти ҳар як шаҳрванд бояд бошад. «Ҷавонони Тоҷикистон», ки бештари хонандаҳояш ҷавононанд, бояд дар ин самт фаъолтар бошад. Зеро ин масъалаи амнияти давлат, беҳдошти асолат ва нангу ори миллӣ аст.
Бозчоп аз «Ҷавонони Тоҷикистон»,
24 марти соли 2016