Дуввумин мулоқоти кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз силсилаи даъват ба Китобхона ва мутолиаи китоб дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии миёнаи №1 баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ зиёда аз 100 нафар хонандагони синфҳои 8 – 11 ширкат карданд.
Ба хонандагони дар бораи дирўз ва имрўзи Китобхона, толорҳои хониш, толори электронӣ, толорҳои кўдакон ва наврасон, омўзиши забонҳои хориҷӣ маълумоти мушаххас дода шуд.