Даъват ба китобхонӣ дар Китобхонаи миллӣ -2

Дуввумин мулоқоти кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз силсилаи даъват ба Китобхона ва мутолиаи китоб дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии миёнаи №1 баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ  зиёда аз 100 нафар хонандагони синфҳои 8 – 11 ширкат карданд.
Ба хонандагони дар бораи дирўз ва имрўзи Китобхона,  толорҳои хониш, толори электронӣ,  толорҳои кўдакон ва наврасон, омўзиши забонҳои хориҷӣ маълумоти мушаххас дода шуд.  
Ҳамзамон кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ба хонандагон китобчаҳо, буклет ва маводҳои таблиғотӣ тақсим кардаанд.
Баъд аз анҷоми шиносоӣ ва муарифии ғоибонаи китобхонаи миллии Тоҷикистон миёни ширкаткунандагон дар мавзуъҳои ҷолиби вобаста ба китоб ва китобхонӣ, шароитҳои китобхона ва роҳҳои узвият дар он табодули афкор сурат гирифт.  
Дар поёни мулоқот ба китобхонаи мактаб аз номи Китобхонаи миллӣ чанд номгӯй китоб туҳфа шуд