Назира Толибова: Китобдорон худ як равоншиносанд

Чоруми сентябр Рӯзи китоб аст. Дар ин рӯз дар кишвар чорабиниҳои хосе дар назар дошта шудаанд. Рӯзи хосест, ки ҳамагон аз китоб сухан хоҳанд гуфт. Рӯзест, ки китоб ва китобхона таблиғ мешавад.  Ҳамчуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармуда: “Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат  роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг  гардидааст».

Дар робита ба ҳамин бо яке аз китобдорони ҷавон ва муваффақ, сардори Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон Назира Толибова  ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдаи онро манзуратон мегардонем.

Абдураҳим: Салом бону Назира. Рўзи китоб  яъне  иди касбиятон мубарк!

Назира: Салом… Ташаккур хело сарфарозам кардед.

Абдураҳим: То ҷое иттилоъ ёфтем Шумо факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо дипломи сурх хатм кардаед. Мехостам дар мавриди ин интихоби Шумо бифаҳмем, ки аслан муҳаббати ин касб ба дили Шумо аз кай роҳ ёфт ва чаро маҳз  соҳаи китобдориро интихоб кардед, на муаллимӣ ва ё пизишкӣ?

Назира: Бале, ман Донишкадаи мазкуро соли 2013 бо ихтисоси Китобдор –библиограф-омўзгор бомувафаққият хатм намудам. Рости дар вақти мактабхониам ба касби омўзгорӣ майл доштам лек бо мурури замон ҳангоми ба Донишкада ҳуҷҷатҳоямро супурдан касби Китобдориро интихоб намудам ва пушаймон ҳам нестам, чунки аз назари худам яке аз бехтарин касбҳо ба ҳисоб меравад ва аз интихоби касбам низ хело розиам.

Абдураҳим: Ҳар касб вижагиҳои худро дорад. Метавонед хонандагонро бо вижагиҳои касби худ ошно созед?

Назира: Албатта, ҳар касбу кор махсусиятҳои худро дорад ва барои мувафақ шудан ҳар як соҳибкасб аввал дилгармӣ ба касби хеш дошта бошад ва боз ин ки касбро хеле дӯст дорад. Ман таъкид мекунам, ки хеле дӯст дорад ва ҳамин хеле дӯст дошан инсонро водор мекунад пайваста барои такмили он кӯшад, ҷӯё бошад.

Абдураҳим: Ба андешаи Шумо китоб ва Китобхона,  яъне ин ду вожа чӣ дунёеро дар худ фаро гирифта метавонанд ва дарки ин дунё аз нигоҳи шумо?

Назира: Шумо медонед, ки китоб дар китобхона мешавад ва онҳое ҳам, ки дар хона китоб доранд, мегӯянд ман китобхонаи шахсӣ дорам. Ва китобхона наметавонад дур аз ҷомеа бошад. Китобро инсонҳо менависанд ва онро боз ҳамин инсонҳо мехонанд. Аз ин рӯ толори пур аз хонанда ифтихори китобдор аст. Ҳар қадар толорро пур мебинем, ҳамон андоза завқу шавқамон зиёд меҳавад. Ва бовар кунед, аз хизмат расондан ба анбуҳи хонандагон ҳатто хастагиро ҳам эҳсос намекунем. Китобхона бешак махзани илму дониш аст. Китобро метавон ба саҳифаҳои зиндагӣ монанд кард. Вақте инсон китоб мехонад, меравад аз паси ҳамон қаҳрамононаш, бо онҳо ҳамнишин аст, бо онҳо нафас мекашад, роҳ меравад, менишинад, мехезад. Яъне, ҳамроҳу ҳамдами онҳо мешавад. Ва аз зиндагии онҳо сабақ мегирад. Ин аст расолати китоби хуб ва хонандаи хуб. Ва мо ҳамин хонандаро дар толори худ интизорем. Китоб ганҷина аст ва китобхон касест, ки ҳамин ганҷинаро мебардорад.

Абдураҳим:  Шумо, ки  ҳамакнун 26 сол дореду ҳамқадами Истиқлол ҳастед мехостем китобдорӣ  ва истиқлолиятро аз нигоҳи шумо бифаҳмем. Яъне дар замони истиқлолият рушди соҳаи китобдорӣ ва ё мушкилоту монеъаҳое, ки то кунун сади пешравиҳо гаштаву ислоҳ мехоҳанд чӣ гуна аст?

Назира: Оре, ман ҳамсоли истиқлолам, фарзанди истиқлолам.  Ва аз ин шукр мекунам. Дар мавриди рушди соҳаи китобдорӣ бешак дастовардҳо хело зиёд ҳаст ва камбудаҳо низ ба чашм мерасад. Чуноне, ки мегўянд ҷое, ки кор ҳаст  онҷо ҳам дастовард ва камбудӣ  низ вуҷуд доранд. Боиси хурсандӣ ва фараҳмандӣ ҳаст, ки мо оиди фаъолияти кори Китобхонаҳо қонуне низ дорем ва дар доираи қонун барномаҳо низ қабул карда шудаанд. Бархе аз китобхонаҳои ҷумҳурӣ тибқи қонуни мазкур бо шароитҳои замонавӣ ва технологияи навин кор ва фаъолият мекунанд. Дар мавриди камбудиҳо ҳамин чизҳоро гуфтаниям, ки бисёре аз Китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар  дар ҳолати садамавӣ қарор дошта аз норасои  адабиёт ва мутахассисони соҳаи Китобдорӣ танқисӣ мекашанд. Фикр мекунам ҷиҳати ҳали мушкилоти ҷойдошта, мебояд тамоми чораҳоро баҳри пешрафти соҳа фикр кард, ки дар ин самт устодон низ ҳамеша зимни вохўриву семинарҳо ба мо мутахассисони ҷавон пайваста таъкидҳо мекунанд .

Абдураҳим:  Чун Шумо  масъулияти сардори шуъбаи «Кудакон ва наврасон»-и Китобхонаи миллиро ба ўҳда доред, мехостем бифаҳмем, ки кор бо наврасону кўдакон душвор нест магар? Яъне, ба Шумо чӣ гуна муяссар мешавад дунёи ботинии кӯдаконро омўзед ва ба онҳо дар тавсияи ин ё он маводҳои хониш кўмак намоед.

Назира: Бале кор бо кўдаку наврас ва  дили нозуки онҳоро ба даст оварданд кори саҳл нест. Дар  якҷоягӣ бо ҳамкоронам аз қабул то ба гусели ҳар хонандаи кучак кӯшиш мекунем, то  бо як хушмуомилагӣ ва дилгармӣ он чӣ дархосте, ки доранд сари вақту сифатнок, муҳимтар  аз ҳама бо як чеҳраи кушод иҷро намоем, зеро ин рисолати касбии мост. Аслан гирем кормандони тамоми шуъбаҳои хизматрасонӣ худ як равоншиносанд ва ҳар як хонандае, ки вориди толорҳо мегарданд, мо аллакай медонем, ки хонандаи мо чӣ мехоҳанд. Яъне, китобдорон худ як равоншиносанд ва ҳар як фикру ақидаи хонандаро хуб ҳис карда ба онҳо дар интихоб тавсияҳои муфид медиҳанд. Ва кӯдакон қалби нозуку зудшикан доранд, онҳо набояд озор бинанд. Онҳо дар толори мо хеле озоданд. Мо гирдогирд китобҳо чидаем ва хонандаи мо бе он ки китобе фармоиш диҳад, худ озода меравад ва аз рафҳо китоб мегирад ва мехонад. Хаста, ки шуд сари компутер менишинад ва ё дар толори дигар машғули бозӣ мешавад. Хулоса, дар толори кӯдакон ҳар шароите, ки беҳтарин боғча дорад, муҳайёст.

Абдураҳим:  Рағбати кўдакони имрўза ба китобу китобхони дар кадом сатҳ қарор дорад? Ба андешаи Шумо кўдакони даврони итиқлолият, ки дар як фазои орому осудаи кишвар бузург гаштаву дорои шароити замонавӣ ҳастанд, чӣ диде дар самти илму дониш доранд?

 Назира: Тули  ду соле, ки дар шуъбаи кӯдакон ва наврасон кор мекунам, таваҷҷуҳи хонандагони мактабҳои миёна хело ҳам зиёд ба чашм мерасад.  Ба  андешаи ман бачаҳое, ки ба толори хониши атфол меоянд, хеле фаҳмидаву зираканд. Онҳо баробари ворид шудан, ба зудӣ барои худ китоби заруриро пайдо мекунанд. Ҳарӯза ба шуъбаи мо зиёда аз 100 нафар хонандагони хурду калон ташриф меоранд ва ин боиси хурсандии мо кормандон мебошад, ки толори мо пур аз хонанда аст. Ин ҳам вобастагӣ дорад аз хонавода, омeзгорон ва китобдороне, ки бо як чеҳраи гарм истиқбол мегиранд. Дар шуъбаи мо ғайр аз хизматрасониҳои анъанавӣ инчунин чорабиниҳои фарҳангӣ барномаҳо аз қабили «Дастони моҳир», озмуни расмкашӣ, ҷалби навқаламон ва китобхон ба шуъба. Яъне, бо ин василаҳо мо талош дорем, ки ҳарчи бештар хонандагон ру ба китобу китобхона оранд.  

Абдураҳим: Чӣ бояд кард то кўдакон ҳамеша ба хониш машғул бошанд.  

Назира: Тавсияи ман ҳамчун ҷавони китобдоре, ки пайваста бо хонандагони хурдсол сару кор дорам чунин аст. Фарзандонро аз айёми хурдсолӣ, ҳангоми дар боғча буданашон ба китобу китобхона  шинос бояд кард. Меҳри  китобро аз хурдсолӣ дар дилашон чой бояд дод, то кўдак фаҳмад, ки китоб чист ва ба ў чӣ дода метавонад. Фикр мекунам дар ин роҳ бештар волидайн ва гузашта аз ин омӯзгорон  масъуланд то дӯст дошатани китоб ва ба китобхона рафтанро ба зеҳну завқи кўдакон талқин намуда, муҳаббати китобро дар дилашон ҷой диҳанд. Ҳамзамон як андешаи дигар низ дорам хуб мешуд агар Вазорати маориф ва илми кишвар фанеро роҷеъ ба китобхонашиносӣ дар мактабҳои миёна ҷорӣ мекард шояд дар самти ошнои китобу китобхона ба наврасону хонандагон иқдоми хубе мешуд. Яъне ба ин васила хонандагон метвонанд аз аёми хурдсолӣ истифода аз феҳрист ва дастёфтан ба фонди китобхона, инчунин пайдо кардани адабиёти заруриро  омўзанд, ки фикр мекунам қадами бузурге дар роҳи ҷалби наврасону ҷавонон ба  китобхонӣ хоҳад буд.

 Абдураҳим:  Чи чизе буд, ки ман  нагуфтам ва марҳамат фурсати муносиб то Шумо бигуйед? 

Назира: Дар охир ҳаминро гуфтаниям, ки  чун соли ҷавонон аст бигузор  ҷавонону наврасон ба тамоми муроду мақсадҳои хеш расанд ва дар роҳи интихоб намудаи худ устувор ва  мувафақ бошад.  

Абдураҳим: Ташакур барои суҳбат !!!
Суҳбати
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР