Шуъбаи матбуоти даврӣ

Шуъбаи матбуоти даврӣ таърихи наздик ба 80-сола дорад. 
Соли 1935 бо мақсади ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳдошт ва дар ихтиёри хонандагон қарор додани рўзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон ва Иттифоқи Шўравӣ дар назди Шуъбаи нигоҳдории китоб бахши матбуоти даврӣ ташкил карда шуд.
Бо сабаби ба маротиб афзудани теъдоди нашрияҳо, зиёд шудани иртиботи китобхона бо рўзномаву маҷаллаҳои дохиливу хориҷӣ ва афзудани таваҷҷуҳи хонандагон, соли 1977 бахши матбуотро ба шуъбаи алоҳида ҷудо намуданд. Шуъбаи мазкур то имрўз барои ҷамъоварӣ, мураттаб ва ҳифзи матбуоти даврӣ (дохилӣ ва хориҷӣ) фаъолият намуда, барои ғанӣ гардонидани махзани фарҳангии китобхонаи бузурги кишвар нақши сазовор дорад.
То имрўз дар махзанҳои Шуъбаи матбуоти даврӣ наздик ба 800 ҳазор нусха нашрия маҳфуз аст. Дороии нодири Шуъба нашрияҳои солҳои бистум ва сиюм мебошанд, ки дар қаламрави Мовароуннаҳр ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба табъ расидаанд. Забони ин нашрияҳо гуногун буда, бештари онҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русианд.
Шуъба ҳамчун сохтори асосии Китобхонаи миллӣ фаъолияташро дар самтҳои ҳифзу нигоҳдории матбуоти даврӣ ва пешниҳоди он ба истифодабарандагон ба роҳ монда, талаботи рўзмарраи хонандагонро қонеъ мегардонад.
Ин бойгонии азим ба ғайр аз мутолиаи ҳамешагии хонандагон махзани серҳосилу боэътимодест барои олимону пажўҳишгарон. Ҳамарўза муҳаққиқони соҳаҳои забону адабиёт, таъриху фарҳанг, рўзноманигориву сиёсат, иқтисоду ҳуқуқ ва дигар улуми иҷтимоӣ аз махзани иттилоотии Шуъбаи матбуоти даврӣ, барои пешрафти кори илмию адабии худ истифода менамоянд.
Дар шуъба 18-нафар кормандон пайваста барои пешбурди кори шуъба кўшиш намуда, хизматрасониро дар толори хониш ва дигар бахшу шуъбаҳои Китобхона тибқи талабу дархост ва хоҳишу завқи хонандагон ба роҳ мондаанд.

Шуъбаи матбуоти даврӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2015

Барчаспҳо: