Шуъбаи матбуоти даврӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2015

Ҳар ҳафта ба Китобхона  46 номгўй рўзномаҳо бо забони давлатӣ, 19 номгўй маҷаллаҳои дохилӣ, 15 номгўй рўзнома бо забони русӣ ва 8 номгўй маҷаллаи хориҷӣ ворид мешавад.
Дар шаш моҳ 6820 нафар хонандагон вориди толори хониши шуъба шудаанд ва ба онҳо дар посух ба дархосташон бо 30328 рӯзнома ва 24422 маҷалла хизмат расонда шуд. Кормандони шуъба бо вуҷуди талош натавонистаанд ба 1 дарсади фармоишоти хонандагонро, ки бештар марбут ба нашрияҳои солҳои 30-и асри гузашта будааст, иҷро кунанд.  
Кори таҳияи “Донишномаи матбуоти тоҷик” идома дорад, дар шаш моҳи аввали соли равон маълумотномаи энсеклопедии 70 номгўи нашрияҳо таҳия шудаанд. 8 шумораи аввалин рўзномаи тоҷикии-“Бухорои шариф” баргардон ва  бо шакли электронии WORD омода шуд. 
Кормандони шуъба дар фонди пўшида рўзномаҳои бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашршударо  санҷида,  аз рўи феҳристи  алифбоӣ  ҷобаҷогузорӣ карданд. Корҳои ташхисӣ дар фонди пўшидаи шуъба ҷараён дошта, бастаҳои рўзномаҳо барои муқовабандӣ омода гардид. 
Шуъба барои хонандагонаш бахшида ба санаҳои расмии Рўзи модар, Матбуоти тоҷик ва Наврўзи оламафрўз  намоиши рўзномаву маҷаллаҳо ташкил кард. Барои баргузории “Рўзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ” зиёда аз 100 номгўй рўзномаву маҷаллаҳо ба намоиш гузошта шуданд.
Дар партави Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ва истиқболи “Рўзи ҷавонон”  шуъбаи матбуоти даврӣ бо ҳузури  беш аз 1000 нафар ҷавонони касбу кори гуногун се Мизи мудаввар таҳти унвонҳои “Муҳимият ва нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷавонон”, “Масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нақши ҷавонон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” баргузор кард, ки дар он раиси Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода А. Р., таҳлилгари масоили байналмилалӣ  Абдуллоҳи Раҳнамо ва Раиси шўрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ширкат ва суханронӣ намуданд
Бахшида ба 70 солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ феҳристи рўзномаву маҷаллаҳои даврони Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки дар қаламрави Тоҷикистон нашр шудаанд, мураттаб карда шуд, ки то имрўз ба тарзи пароканда буданд.

Барчаспҳо: