Бастаҳои нави рӯзномаҳо аз журналистони маъруфи кишвар

Журналистони шинохта Сайёфи Мизроб ва Холиқназар Ҷумъаев бастаҳои нашрияҳои хондании кишварро аз бойгонии худ ба Китобхонаи миллӣ тақдим карданд. Ба шарофати ҳиммати Сайёфи Мизроб-соҳибнашрияи “СССР” ва Холиқназар Ҷумъаев бойгонии Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ бо шумораҳои солҳои 2016-2017 нашршудаи “СССР” ва 22 бастаи рӯзномаҳои “Фараж”, “Ману ту” ва “Озодагон”, ки солҳои 2009-2012 интишор ёфтаанд, ғанӣ гардид.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон, беназиртарин Китобхона дар Осиёӣ Марказӣ ва яке аз ганҷинаҳои илму фарҳангӣ ҷумҳурӣ маҳсуб мегардад. Яке аз вазифаҳои асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон такмили фонди он мебошад. Роҳбарияти Китобхна пайваста барои боз ҳам ғанитар гардидани фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон кўшиш ба харҷ медиҳад, то хонандагон бо адабиёти тозанашр таъмин бошанд. Дар нуҳ моҳи соли 2018-ум дар маҷмуъ ба фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон 23718 нусха адабиёт ворид гардидааст. Дар ғанӣ гардонидани бойгонии Китобхона бевосита саҳми шахсони фарҳангдўсту ватандўст назаррас аст. То ин замон садҳо ҷилд китобҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳои чопи солҳои мухталиф аз ҷониби фарҳангиёни кишвар ройгон барои нигаҳдошту мутолиаи хонандагон ба Китобхонаи миллӣ супурда шудааст, ки дар мавриди ҳар кадом борҳо аз тариқи расонаҳо гуфтаем.

Ахиран ду рӯзноманигори шинохтаи кишвар-соҳибнашрияи “СССР” Сайёфи Мизроб ва  Холиқназар Ҷумъаев ном даст ба иқдоми бесобиқае заданд. Онҳо бастаҳои нашрияҳои мухталифро аз бойгонӣ ва китобхонаи шахсии худ ба Китобхонаи миллӣ ттақдим карданд.

Сайёфӣ Мизроб моҳи январи соли 2018 бевосита ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бастаҳои таъмиршудаи солҳои 2016 ва 2017 рўзномаи СССР-ро, ки воқеан ин нашрия дар Толори матбуоти даврии КМТ муштариёни зиёд дорад, тақдим намуд. Ҳамзамон, мавсуф илова бар нусхаҳои ҳатмӣ ва обунавӣ ҳар ҳафта 5 нусха рўзномаи СССР-ро ба китобхона тақдим менамояд. 

Амали хайри Холиқназар Ҷумъаев низ воқеан боиси аҳсан аст. Мавсуф моҳи октябри соли ҷорӣ ба Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ 12 бастаи ҳафтаномаҳои ватанӣ туҳфа намуд, ки 8 бастаи онҳо, аз ҷумла чор бастаи рўзномаи “Фараж” ва чор бастаи рўзномаи “Ману ту” муқовабандӣ шудаанд. Ин бастаҳо кулли шумораҳои аз моҳи июли соли 2008 то соли 2012 нашршудаи рўзномаи “Фараж” ва шумораҳои аз соли 2009 то соли 2012 нашргардидаи рўзномаи “Ману ту”-ро дар бар мегиранд.

Чор бастаи бемуқова аз шумораҳои солҳои баъдинаи  ҳафтаномаи “Фараж”, “Ману ту” ва “Озодагон” иборат мебошанд.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз Сайёфи Мизроб ва Холиқназар Ҷумъаев барои ин амали хайрашон, изҳори сипос мекунад.

Барчаспҳо: