Мутобиқ ба маълумотҳои оморӣ дар дар 9 моҳи сипаришудаи соли 2018 аз ҷониби нашриётҳои ”Дониш”, “Ирфон”, ”Маориф” ва чопхонаҳои дигар ба теъдоди 2544 (776-номгуй) китоб ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нуҳмоҳаи соли 2017 1076 нусха камтар мебошад. Бархе аз нашриётҳо ба монанди ”Эр-граф”, ”Адиб”, ”Нашриёти бачагона” ва нашриётҳои хусусӣ дар иҷрои талаботҳои қонуни мазкур масъулият ҳис наменамоянд.
Дастаи мавригихонҳо дар ҷашнҳои оилавӣ, хатнасур, тӯйи арӯсӣ, бозору чойхонаҳо ва идҳову хурсандиҳои дигар ҳунарнамоӣ мекарданд. Анъанаи мавригихонӣ ҳоло ҳам дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд ва қисман дар шаклҳои тағйирёфта дар Панҷакенту Хуҷанд ва Хисору Шаҳринав маъмул аст.
Мавригӣ, мавригихонӣ, силсилаи суруду таронаҳои халқӣ, ки мазмунҳои лирикӣ дошта, қисман бо