Соли рушди саёҳи ва ҳунарҳои мардуми: МАВРИГӢ
Нашр шуд 2018-11-07 16:34
Дастаи мавригихонҳо дар ҷашнҳои оилавӣ, хатнасур, тӯйи арӯсӣ, бозору чойхонаҳо ва идҳову хурсандиҳои дигар ҳунарнамоӣ мекарданд. Анъанаи мавригихонӣ ҳоло ҳам дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд ва қисман дар шаклҳои тағйирёфта дар Панҷакенту Хуҷанд ва Хисору Шаҳринав маъмул аст.
Мавригӣ, мавригихонӣ, силсилаи суруду таронаҳои халқӣ, ки мазмунҳои лирикӣ дошта, қисман бо оҳанги шӯх иҷро мешаванд; тарзи хондани як навъ суруде, ки дар байни тоҷикони Бухоро машҳур аст. Шакли аслии вожаи «мавр» «марв» аст, ки аз номи шаҳри Марв гирифта шудааст. Дар садаҳои гузашта дар натиҷаи моҷароҳо эрониёни минтақаҳои Хурсон, бахусус шаҳри Марв, ба Бухоро мекӯчанд. Онҳо дар давоми садсолаҳо бо ҳамзабонони тоҷики худ омезиш ёфта, то ба имрӯз бо гӯиши тоҷикӣ суҳбат мекунанд. На танҳо забони онҳо, балки фарҳанг, бахусус ҳунари мусиқии онҳо ба тоҷикон хеле наздик ва монанд аст. Ин қаробат боиси он шуд, ки эҷодиёти гуфтории эрониён бо мардуми Бухоро омезиш ёфт. Дар натиҷа як мусиқии фолклории махсуси эронию тоҷикӣ ба вуҷуд омад, ки он дар Бухоро бо номи «мавригӣ» ё «мавригихонӣ» машҳур аст.
Дастаи мавригихонҳо аз 3 – 5 нафар иборат аст. Маъмулан ин гурӯҳ ҳам менавозад, ҳам месарояд ва ҳам рақс мекунад. Агар се нафар бошанд, сароянда бо дойра менавозаду месарояд ва яке мерақсад. Мавригихонҳо дойрадастеро, ки оҳанги аввалро менавозад, «нағорадаст» ва дойрадастони дигарро, ки навохтани ин оҳангро тақвият медиҳанд, «паснавоз» меноманд.
Мавригихонҳо дар Бухоро гурӯҳи ҳунарии худро доштанд ва ҳоло низ ин ҳунар мавҷуд аст. Мавригихонӣ сабку равиши махсуси худро дошта, аз дигар тарзҳои хондани сурудҳо фарқ мекунад, Репертуари мавригихонҳо аз сурудҳои рақсию овозӣ иборат буда, бо пайдарпайии махсус иҷро мешавад, ки сарояндагон онро «пайтҳо» меноманд ва ин пайтҳо пасту балаандшавии овозро муайян менамоянд. Ҳар кадоме аз ин пайтҳо ном (истилоҳ) – и худро доранд: «Гардон», «Шаҳд», «Гардони Шаҳд», «Сархона», «Гардони Сархона», «Фуроварди Сархона», «Чорзарб», «Гардони Чорзарб» ва ғайра. Пеш аз ҳама сароянде («сари овозгир») бо овози ларзон як мисраи сурудро месарояд. Ин мисраи сароида «сархабор» ном дорад. Баъд аз «сарахбор» сароидани «шаҳд» шурӯъ мешавад. Ҳамин тавр чор сарояндаи дойрадаст бо навбат «шаҳд» - ро месароянд. Баъзе порчаҳо такрор ба такрор сароида мешаванд.
Дар барномаи мавригихонӣ порчаҳои шеърӣ аз ғазалиёти Ҳофиз, Ҳилолӣ ва шоирони дигар низ мавқеъ доранд. Пас аз сароидани чанд мисраъ аз Ҳофиз мавригихонон тадриҷан ба «майдахонӣ» шуруъ мекунанд, ки порчаҳои шеърии чормисраиро дар бар мегирад. Тавассути майдахонӣ сарояндагон тадриҷан ба сурудани сурудҳои рақсӣ оғоз менамоянд, ки онҳо аз сурудҳои шӯхи намоишӣ ба монанди «Мурғак», «Ҳасанҷон», «Уштур бача монд», «Биё як…», «Аз ман чаро ранҷидаӣ?» ва ғайра иборат мебошанд. Ҳар кадоми ин сурудҳо оғоз доранд ва сарояндагон ҳангоми сароидани онҳо нақаротро якҷоя месароянд. Бахши вокалиро сарояндагоне иҷро мекунанд, ки овози хушу ширадор ва чарангосӣ доранд. Ҳамин ки навбати даъвати раққос ва ё раққоса расид, мавригихонон оҳиста – оҳиста ба матни суруди рақсӣ мегузаранд, ки машҳуртарини онҳо «Чорзарб» ном дорад. Баробари шунидани садои «шаппот», яъне ритми махсуси дойра, раққос низ рӯ ба сарояндагон гардонда, ба рақсидан шуруъ мекунад.
Дастаи мавригихонҳо дар ҷашнҳои оилавӣ, хатнасур, тӯйи арӯсӣ, бозору чойхонаҳо ва идҳову хурсандиҳои дигар ҳунарнамоӣ мекарданд. Анъанаи мавригихонӣ ҳоло ҳам дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд ва қисман дар шаклҳои тағйирёфта дар Панҷакенту Хуҷанд ва Хисору Шаҳринав маъмул аст.
Аз китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми якум), ки соли 2015 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик чоп шудааст.
Таҳияи Диловар Солиев,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар