8-уми сентябри соли равон, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар чорабинии ботантанаи идона ширкат ва суханронӣ намуд.
Президенти кишвар ин навбат дар муқоиса ба дигар баромадҳо дорои як ҳиссиёти дигар буд, ки тақрибан онро қаблан надида будем. Ў бо равони пурифтихор, бо эҳсоси баланди шодмонӣ ва бо нутқи саршор аз ғуруру умедворӣ дар рў ба рўи иштирокдорон сухан гуфта, тамоми масъалаҳои даврони сарнавиштсози кишварро бо далелҳои мушаххас таҳлил намуданд.
Аз рўзҳои аввали истиқлолият то давраҳои ҳассоси бунёдкорию ободонӣ вазъияти мактабу маориф, фарҳангу иқтисод, ҷавонону наврасон, занону бонувон, сиёсату дипломатия ва дигар масъалаҳои муҳими стартегии кишвар дар каломи Пешвои миллат мақоми худро дошт.
Аз дастовардҳои беназири кишвар, аз мушкилоту муаммоҳо, аз ҳамдастии дўстону аз хиёнатмаобии иддае аз саркардагон ва дар маҷмуъ 25 соли таърихро барои мардум варақгардон намуд. 25 соли Истиқлолияти давлатию озодии миллиро.
Муҳимтарин масъалае, ки ҳамчун ҷавон ва ҳамчун таҳлилгари ҷавон дар суханронии идонаи Пешвои миллат мушоҳида намудам, ин буд, ки Ҷаноби Олӣ ба насли ҷавону кадрҳои ҷавон мустақиман рўй оварда, таъкид доштанд, ки ояндаи давлатдории мо дар дасти ҷавонони мо мебошад ва вазифаи мост, ки барои ҷавонони худ Ватани шоистаи муҳаббат ва давлати ободу зебоеро ба мерос гузорем.
Аз оғоз то анҷоми суханронӣ борҳо такрор ба такрор ба масъалаи насли наврас ва ҷавонон тамаркуз намуда, собит намуданд, ки Пешвои миллат ба насли ҷавон эътимоди баланд доранд.
Пас имрўз насли ҷавони кишварро месазад, ки дар баробари суханҳои саршор аз муҳаббати Пешвои муаззами кишвар бо таҳсилу бо ҷаҳду талоши худ амаликунандаи ормонҳои баланди Пешвои худ бошанд.
Муҳаммадиқбол Атоев,
Сардори шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ