Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ

  Аз фарҳангистони даврони Сосониён - «Гунди Шопур» ёд овардан кифоя аст, ки китобхонаи бузургаш аз 250 ҳуҷра ибрат буд, ҳазорҳо китоб ба паҳлавию юнонӣ ва ғайра он ҷо ҳифз мешуданд. Хоса замони Сомониёни волотабор аксари шаҳр­ҳои қаламравашон китобхонаҳо доштанд, дар Бухоро бузург­тарин ва ғанитарин китоб­хонаи давр - «Сивон-ул-ҳикмат» бунёд ёфт, ки замина ба илми китобдорию китобшиносии миллиамон гузошт. Маҳз ҳамин аҳди дурахшони Сомониён буд, ки забони ноби тоҷикӣ - форсӣ шакл гирифт, чеҳраҳо ва ситораҳои дурахшони илму адаб қад баланд карданд, фарҳанги воло боиси ҳастӣ ва пойдории минбаъдаи миллат, таъриху забони он гардид.

…Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида, ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омўзгори беминнат, ҳамсўҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўғи субҳи доноӣ медонистанд.

                                                                                    Эмомалӣ  Раҳмон

  Дар ҳақиқат,  суханони Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи китоб  ҳамчун омўзи­ши  ганҷинаи илму маърифат, фарҳанг, таърих натанҳо барои насли имрўза зарур, балки дар оянда ба он эҳтиёҷ доштан ва омўхтани инсонҳоро низ собит намуданд. Таъриху фарҳанг, илму дониш ки аксандози маънавиёти инсон ва маҳсули тафаккури одамист, дар навиштаҳо ифода меёбад. Навиштаҳо аз қадим муқад­дасанд, зеро зарра-зарра ба ҳам омада ҷилдҳои китоб­ҳоеро тартиб додаанд, ки дар онҳо таъриху фарҳанг, иҷти­моиёту иқтисодиёти мо ва би­лохира тамоми бурду бохти мо сабт гардидаанд. Ва махзане, ки тамоми ин навиштаҳоро гирд овардаву маҳ­фуз медорад, даргоҳи муқаддастарин аст.

Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омўзгори беминнат мешуморанд, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурўғи субҳи доноӣ» медонистанд.

Аз фарҳангистони даврони Сосониён - «Гунди Шопур» ёд овардан кифоя аст, ки китобхонаи бузургаш аз 250 ҳуҷра ибрат буд, ҳазорҳо китоб ба паҳлавию юнонӣ ва ғайра он ҷо ҳифз мешуданд. Хоса замони Сомониёни волотабор аксари шаҳр­ҳои қаламравашон китобхонаҳо доштанд, дар Бухоро бузург­тарин ва ғанитарин китоб­хонаи давр - «Сивон-ул-ҳикмат» бунёд ёфт, ки замина ба илми китобдорию китобшиносии миллиамон гузошт. Маҳз ҳамин аҳди дурахшони Сомониён буд, ки забони ноби тоҷикӣ - форсӣ шакл гирифт, чеҳраҳо ва ситораҳои дурахшони илму адаб қад баланд карданд, фарҳанги воло боиси ҳастӣ ва пойдории минбаъдаи миллат, таъриху забони он гардид.

          Аммо таърих гувоҳ аст, ки китобу китобхонаҳо шабеҳи қисмати миллати тоҷик борҳо дар шуълаи оташи аҷнабиёни  яғмогар сўхтаю хокистар шудаанд. Зиёни маънавии аз тўфони кашмакашиҳои хунин давоми асрҳо ба миллатамон расидаро мушкил аст дар тарозуе баркашиду аз рўи ягон меъёр арзёбӣ кард. Бовуҷуди ин тоҷики сарбаланд бо густурдагӣ ва нерўмандии тамом асло ба маҳтоб қаноат намекард ва ҳамеша аз тиразамон офтоб меҷуст, алорағми ҳама азобу азодориҳо наҳаросида ба ҷароҳатҳои маънавиаш менигарист, дилмурда,  ғамгин, парешон­ҳолу афсурда намегашт, намегузошт, ки заминаи маънавии ҳам­бастагӣ ва ҳамназарии миллат суст гардад. Китобу китобхона хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медоранд, роҳи инсонҳоро бо нури донишу маърифат равшан месозанд, ганҷинаҳои тамаддуни башариро ҳифз мена­моянд.

           Намояндагони барҷастаи қавмамон аз шикастҳои таърихӣ пай­васта меандешиданду бо нолиш дарди миллати уқёнусфарҳанги саман­дар­қисматро ифшо мекарданд. Ин аст, ки тоҷикон таги по нашуданд, дар ҳошияи таърих намонданд. Талошҳои аҷдоди боназо­ка­тамон дар офариниши китоб ва мероси хаттӣ самар оварданд. Нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маъ­навию фар­ҳангӣ ҳамвора боло меравад.

Китобу китобхона пайвандгари тавонову ногустатании наслҳову замонҳо маҳсуб ёфта, иқтидору нерўи ҳар миллат дар саҳифаҳои он ҷойгиранд. Маҳз тавассути китобу китобхона бузургӣ, бойгарӣ ва илму фарҳанги ғании ҳар миллат аз насл ба насл мегузарад. Маҳз ҳамин китоб насли навинро бо фарзона фарзандони миллат ошно менамояд. Китоб ва китобхона аст, ки инсон ҷониби фазои беохир парвоз ва дар баҳрҳои бепаҳно шино менамояд. Ҳама сиру асрор, ҳама муаммоҳои нокушода, ки инсон дар кушоданаш баъзан оҷиз мемонад танҳо бо ёрии китобу китобхона, бо маслиҳати китоб метавон ҳал намуд. Олим ё мутафаккир маҳз тавассути китоб дониши хешро сабт намудаву  аз насл ба насл мерос мегузошт. Бинобар ин китоб ҳамчун  муқаддастарин сарчашмаи илму маърифат, таълиму тарбия мебошад.

 Боиси қайд аст, ки Озмуни ҷумҳуриявие, ки зери сарпарастии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Фурўғи субҳи доноӣ..» иқдоми саривақтӣ ва хеле муҳим  буда, баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, ҳисси ватандўстиву, хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва дарёфти шахсиятҳои нави боистеъдод дар ҷодаи суханвару сухандон, соҳибмаърифат мебошад. Имрўз пӯшида нест, ки ваъзи китобхонӣ дар китобхонаҳо рўз аз рўз  беҳтар гардида истодааст.

Акнун китобхонаҳо на ҳамчун анбори китоб ва макони китобтақсимкунӣ балки, ки ба ганҷинаи илму маърифат табдил гардидаанд. Эҳсос мешавад, ки ҷомеаи кишвар бахусус ҷавонон рў ба китобу китобхонаҳо овардаву дар пайи мутоилаи асарҳои бадеӣ ва аз худ намудани шеъру ғазалҳо барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатӣ  худ кушиш ба харҷ дода истоданд. Умедворем, ки ин иқдоми неки Озмуни  ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ...» аз миёни аҳли шаҳрвандони Тоҷикистон чеҳраҳо ва ситораҳои дурахшони илму адаб, истеъодҳои нав ба навро муаррифӣ менамояд.  

Валиев Ҷамил,

шуъбаи нигаҳдории китоб

Барчаспҳо: