Имрўз, 6-уми сентябр ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Ошёни булбулон»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дар сўҳбати гулҳо» доир гардид.
Муовини Директолри Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова дар сухани ифтитоҳии худ ҳозиронро ба ҷашни пуршукуҳи 25-умин солгради Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд ва меҳмонони маҳфилро хайрамақдам гуфт.
Яке аз ҳақиқатҳои эътиқоди таълимии ман боварии беинтиҳо ба нерўи тарбияткунандагии китоб аст. Мактаб-ин, пеш аз ҳама китоб аст. Тарбият пеш аз ҳама сухан, китоб ва муносибатҳои зиндаи инсоният мебошад. Китоб ин аслиҳаи тавоност. Китоби пурмуҳтаво ва илҳомбахш дар бисёр маврид тақдири инсонро ҳал мекунад.
Дар шароити ҷаҳонишавии фазои иттилоотии муосир ,тараққиёти босуръати техника ва