Раванди ҷаҳонишавии технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ

    Яке аз ҳақиқатҳои эътиқоди таълимии ман боварии беинтиҳо ба нерўи тарбияткунандагии китоб аст. Мактаб-ин, пеш аз ҳама китоб аст. Тарбият пеш аз ҳама сухан, китоб ва муносибатҳои зиндаи инсоният мебошад. Китоб ин аслиҳаи тавоност. Китоби пурмуҳтаво ва илҳомбахш дар бисёр маврид тақдири инсонро ҳал мекунад.
   Дар шароити ҷаҳонишавии фазои иттилоотии муосир ,тараққиёти босуръати техника ва технологияи иттилоотӣ телекоммуникатсионӣ талабот нисбат ба сатҳи касбии китобдорон ва дараҷаи фарҳангӣ иттиллотии онҳо меафзояд. Бо назардошти воридшавии ботадриҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттиллотӣ ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба тарбияи мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва иттилоърасонӣ аҳмияти хоса пайдо мекунанд. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳаввулоти азими замони муосир дар канор буда наметавонад .
    Танҳо дар давоми солҳои 2007 -2010 аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» барои такмили пояи моддиву техникӣ китобхонаҳои мамлакат, такмили фонди онҳо бо адабиёти тозанашр, таъмини бинои китобхонаҳои ҷумҳурӣ тавассути «Корвони китоб» беш аз 195 ҳазор нусха адабиёти тозанашр ворид гардидааст.
    Расидан ба тамоми ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат маҳз ба идоракунии созандаю самаранок марбут аст. Ифтихори миллии набояд чашми моро аз пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир, парвози ақли башарият ва тараққиёти рўзафзуни давлатҳои мутамаддини олам бубандад.
Ногуфта намонем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ 20 январи соли 2016 қайд карданд: «Зарур аст, ки барои татбиқи муваффақонаи қонунгузории хизмати давлатӣ, сифатан беҳтар кардани таҳсил, аз навтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии хизматчиёни давлатӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда оқилонаю босамар истифода бурда шавад. Мо ҳар қадаре Ватан ва миллатамонро дўст дорем, бояд ба ҳамон андоза кўшиш намоем, ки арзишҳои илмиву фарҳангии умумибашарӣ, дастовардҳои техникиву технологияии замонавӣ ва кашфиёту бозёфтаҳои навтаринро омўзем ва онҳоро дар ҳаёт татбиқ намоем».
Имрўз низоми иттилоърасонӣ дар ҷомеа, ки китобхонаҳои давлатӣ оммавӣ ҷузъи ҷудонопазири он ба шумор мераванд, воситаи асосии ташаккули афкори умум, омили муҳими тарғибу ташвиқи арзишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёбанд. Низоми китобдор ва иттилоотӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кониститутсиони шаҳрвандон нисбати дастёбии озодона аз сарчашмаҳои иттилоотӣ мусоидат намояд.
     Дар арсаи рушду нумўи технологияҳои иттилоотӣ ва компютерӣ ба низом даровардани фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва ташкили маъхазҳои иттилоотии интернетӣ дар китобхонаҳои Ҷумҳурӣ ва дастрас намудани он ба ҳамаи гурўҳҳои ҷомеа ва ниёзмандон талаботи замон аст.
Чуноне,ки дар боло гуфтем «Оиди фаъолияти Маркази такмили ихтисос» ҳамчун зерсохтори Китобхонаи миллии Тоҷикистон аввалин бор ташкил карда шуда, фаъолияти худро аз 1-апрели соли 2012 оғоз намуд. Дар марказ мувофиқи сохтори тасдиқгардида 8-воҳиди корӣ: Сардор ,муовини сардор ,2-сармутахассис 2-мутахассиси пешбар ва 2  мутахассис ҷудо карда шудааст .

 

Самтҳои асосии фаъолияти Марказ такмили ихтисос чунин аст:

- Такмили дониши кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳама кормандони китобхонаҳои мамлакат таввасути давраҳои омӯзишӣ, таълим дар ҷой кор ва семенару конфронсҳои ватанию хориҷӣ;
-  Омўзиш ва тарғиби донишҳои китобдорӣ, таҷрибаи пешқадами соҳаи китобдории ватанию хориҷӣ ба воситаи ахбори умум;
-  Ба ҳайси намояндагии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар семинару конфронсҳо ва чорабиниҳои фарҳангии ватанию байналмиллалӣ иштирок менамояд;
-  Фаъолияти Марказ дар асоси нақшаи корӣ, ки онро Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, ҷараён меёбад.

  Вазифаҳои хизматии кормандони Марказ тибқи дастурамалҳои тасдиқнамудаи Директори китобхона муайян карда шудаанд.

    Дар давоми фаъолияти хеш кормандони Марказ мувофиқи нақшаи тасдиқшуда фаъолият намуда, барои ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос, бозомўзиҳо чунин барномаҳои таълимиро тартиб додаанд:
-  Барномаи таълимии курси такмили  ихтисос барои кормандони китобхонаи миллии Тоҷикистон иборат аз 76 соат;
-  Барномаи таълимии курси кўтоҳмуддати такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо оид ба «Омўзиши асосҳои технологияи инфарматсионӣ » аз 40 соат;
- Барномаи таълимии курсҳои «Такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳои Тоҷикистон » иборат аз 120-соат;
-   Барномаи таълимии омўзиши курси «Библиографияи умумӣ»иборат аз 33 соат;
-  Барномаи таълимии «Омўзиши донишҳои компютерӣ » -дар ҳаҷми 72 соат;
-  Барномаи таълимии курси кўтоҳмуддатӣ такмили ихтисос барои «Кормандони китобхонаҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва бачагона», иборат аз 52 соат;
- Барномаи таълимии курсҳои сайёри кўтоҳмуддати «Фаъолияти китобдорӣ иттилоотӣ» барои кормандони китобхонаҳои оммавӣ-давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, иборат аз 44 соат;
- Барномаи таълимии курси такмили ихтисос оид ба омўзиши «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ»(УДК) барои кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, иборат аз 98 соат;

    Дар давоми фаъолияти Марказ барои таҷрибаомўзӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон :

-аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 350 нафар.
-аз Донишкадаи фарҳанг ва санъат 100 нафар.
-аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистону  Русия 150 нафар.
-аз Донишкадаи исломӣ 30 нафар.
-аз Донишкадаи молия ва иқтисод 15 нафар.
-аз литсейи касбии хизмат ва туризм 18 нафар .
-Колеҷи инфарматика  ва технологияи компютерии ш. Душанбе 8 нафар .
-   Колеҷи фарҳанги Ҷумҳуриявии ба номи П.Ҷ.Буйдоқов 12-нафар ва ғайра фиристода шуда буданд, ки онҳо мувофиқи барномаи таълимиашон дар шуъбаю марказҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҷриба омўхтанд.
    Маркази такмили ихтисос пайваста ба Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Вазорати маориф, факултаи такмили ихтисос Донишкадаи фарҳанг ва санъат ба номи М.Турсунзода ба Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ҳамкории зич дошта аз таҷрибаи бойи онҳо дар фаъолияти худ истифода мебаранд.
    Маркази такмили ихтисос бо китобхонаҳои Ҷумҳурии Белорус, Русия, Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Чин ҳамкории якҷоя оид ба бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандонро барқарор намуд, ки аз тарафи онҳо ба нишонаи Марказ маводҳои методиву таълимӣ ворид шудаанд.
    Барои омўхтани таҷрибаи пешқадам зиёда аз 15-нафар кормандони Китобхонаи миллӣ ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Корея, Чин, Қазоқистон Белорус  ва Эрон фиристода шуда буданд.
     Дар давоми фаъолияти хеш Марказ такмили ихтисос барои тайёр намудани мутахассисони соҳа ба ДДФ ва СТ ба номи М.Турсунзода 20 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ ба факултаи китобдорӣ 10 нафар ба колеҷи фарҳанги Ҷумҳуриявии ба номи Буйдоқов ба шуъбаҳои ғойбона дохил кунонида шуданд.
     Ҳаминро бояд қайд кард, ки дар давоми солҳои 2014-2016 шумораи курсҳо омўзишии доимамалкунанда, курсҳои сайёр ва семенар - омўзишҳои тахассусӣ, шумораи таҷрибаомўзон дучанд зиёд гардида,  сифатӣ таълим низ хеле баланд гардид.
    Дар давоми фаъолияти хеш Марказ зиёда аз 16-курси фаъолияти китобдорӣ ва библиографӣ, 14-курси омўзиши «Донишҳои компютерӣ» ва 10 семенарҳои тахассусӣ оид ба «Истифодабарии технологияи муосир дар фаъолияти китобхонаҳо», дар фаъолияти Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳо тобеи Ҷумҳурӣ ташкил карда гузаронида шуд, ки дар онҳо зиёда аз 700 нафар кормандони китобхонаҳо иштирок намуда, соҳиби«Сертификат» гардиданд.
     Аз таҷрибаи пешқадами кормандони китобхонаҳои Ҷумҳурӣ дар расонаҳои хабарӣ аз он ҷумла ба воситаи шабакаи телевизионии«Тоҷикистон, «Сафина», «Баҳористон », радиои Тоҷикистон, Агенти миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва ба воситаи рўзномаҳои «Баҳори аҷам», «Дунёи китоб», «Адабиёт ва санъат», «Ҷумҳурият», «Паёми Душанбе» ва дигар нашрияҳои даврӣ маълумоту мақолаҳо   чоп гардидаанд.
     Аз моҳи май курсҳои сайёри кўтоҳмуддати омўзиши и«Фаъолияти китобдорӣ ва библиографӣ» дар вилояту шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ оғоз гардид. Алалхусус  дар Вилояти кухистони Бадахшон ва ноҳияхои водии Рашт  ин курсҳо гузаронида шуда  мутахассисони пуртаҷрибаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шунавандагон дарс омўзонданд.  Ҳамаи  шунавандагони ин курсхо бо  СЕРТИФИКАТ таъмин карда шуданд.
     Ҳоло дар маркази такмили ихтисос  давраи омӯзишии «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» (УДК) бо иштироки 30 нафар кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон амал карда истодааст.
Имрўз шукри соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо дар фазои нави иттилоотӣ, яъне ҷаҳонишавии ҷомеаи иттилоотӣ қарор дорем ва ин самтҳои асосии фаъолияти китобдориро дар шароити имрўза бо дарназардошти тақозои айём мувофиқу созгор намоем.

Дилноза Қаландарова,
Мутахассиси Маркази такмили ихтисос

Барчаспҳо: