Рафти дарс дар Маркази такмили ихтисос
Нашр шуд 2020-08-31 08:59
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеаи навини мамлакат, аз ҷумла соҳаи китобдорӣ ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.
Дар Маркази такмили ихтисоси Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” курси такмили ихтисос барои мутахассисони навомўз аз рўи барномаи “Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ” ҷараён дорад, ки мақсад аз он омўзиш таълими асосҳои дониши касбӣ, барои шунавандагон муносибгардонии раванди омўзиши хусусиятҳои фаъолияти китобхона ва шаклу усулҳои муосири кор бо истифодабарандагон мебошад.
Баргузории курсҳои такмили ихтисос воситаи хубе мебошанд, ки китобдорон дониши худро такмил дода, минбаъд аз таҷрибаи устодон ва ҳамдигар дар фаъолияти минбаъдаи худ самаранок истифода мебаранд.
Дар ин давраи омӯзишӣ устодон ва таҷрибадорони соҳаи китобдорӣ раванди дарсиро бо усулҳои мусоир ба роҳ монда, ҷиҳати азхуд намудани шунавандагон бо донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии ташкили хизматрасонӣ дар китобхона, омўзиши равандҳои асосии технологии китобдорӣ, таъмини рушди касбии китобдорон дар заминаи технологияҳои китобдорӣ-иттилоотӣ вобаста ба талаботи нави касби китобдорӣ саъю талош доранд.
Саидзода Исмоил,
мутахассиси пешбари
Маркази такмили ихтисос