Бад аз зуҳри имрӯз, 3-уми сентябр, дар толори «Конуни забони точикӣ» бо ташаббуси шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо ҳамоиши илмӣ баргузор гашт.
Баъди сухани ифтитоҳии Директори Китобхонаи миллии Точикистон, доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода дар мавзўи «Дирўз ва имрўзи китобхонаҳо дар даврони Истиқлолият» аълочии фарҳанг ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷўрабой Раҷабов баромад
Субҳи имрӯз бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори «Рўзи китоб» доир гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода баромад намуд.
Дар дуюмин рӯзи “Дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ садҳо нафар вориди ин кохи маърифату ҳикмат шуданд. Аксари онҳо донишҷӯёни соли аввали Донишгоҳҳои пойтахти кишвар, хонандагони мактабҳои миёна ва дигар сокинони пойтахт буданд.
Кормандони Китобхонаи миллӣ ба касоне, ки мехостанд толорҳои хонишро тамошо кунанд ва бо ҷараёни кор дар ин китобхона ва дарёфти китобҳо ошно шаванд, кумак мерасониданд.