Ҷаласаи тантанавии «Ҳафтаи китоб» бахшида ба «Рўзи китоб»
Нашр шуд 2016-09-03 17:00
Субҳи имрӯз бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори «Рўзи китоб» доир гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода баромад намуд.
Директори Китобхонаи миллӣ ҳозиронро ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муборакбод намуд ва гуфт ҷашни китоб имсол дар остонаи ин ҷашнвораи бузург доир мешавад ва аз ин рӯ ба шарофати тарҳрезии барномаҳои ҷолиб он бошукуҳтар аз солиёни пеш баргузор мешавад.
Сайфиддин Назарзода ёдовар шуд, ки бисту панҷ сол аст, ки Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол ва мардуми бузурги ин кишвар соҳиби давлати озоду обод ва соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Бояд гуфт, Истиқлолият бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад”.
Директори Китобхонаи миллӣ афзуд: “Ба ҳамин хотир, Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, чорабинии «Ҳафтаи китоб» бахшида ба «Рўзи китоб» ташкил намояд. Аллакай 5 сол мешавад, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Рўзи Китоб» -ро бо тантана ва шукўҳу шаҳомат ҷашн мегирад”.
Баъдан табрикии Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода, муовини фармондеҳи қувваҳои ҳарбӣ ҳавоӣ ва мудофияи зидди ҳавоии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Холбоев, Директори Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода суханронӣ карданд ва аз бузургиву азамати китоб, рӯзи дониш ҳарф заданд.
Дар охир, ба кормандони собиқадор ва фаъоли китобхона тўҳфаҳо ва ифтихорномаҳо аз ҷониби роҳбарият супорида шуд.