Ганҷҳои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”: Соҳибҷон Норов, хонандаи синфи 8 аз Панҷекат
Нашр шуд 2020-12-07 16:07
Соҳибҷон Норов аз ҷумлаи довталабон дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик аст, ки бо дарёфти ҷойи аввал дар марҳилаҳои пешин соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ шудааст. Ӯ аз Панҷекат ба шаҳри Душанбе омадааст. Хонандаи мактаби таҳсилоти умумии рақами 18, деҳаи Артуч, ҷамоати Рӯдакӣ аст.
Бобояш, ки Соҳиҷон таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, омӯзгор аст. Модараш муваққатан бекор.
Соҳибҷон мегӯя 111 ғазал аз адибони муосири кишвар азёд медонад. 27 роман хондааст, 40 повест, 5 асари ёддоштӣ, 50 ҳикояву новелла ва 3 очеркро азбар намудааст.
Ният дорад оянда аз ҷумлаи аҳли қалам бошад.
Маврид ба ёдоварист, ки талабот ба ширкаткунандагони номинатсияи хондан ва азбар кардани осори адибони муосири тоҷик чунин аст:
- ғазал - на кам аз 100 ғазал (аз Садриддин Айнӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукуҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Аскар Ҳаким, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Сайдалӣ Маъмур, Ҳабибулло Файзулло, Ғаффор Мирзо, Мӯъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ширин Бунёд, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Ҳадиса Қурбонова, Меҳринисо, Фарзона, Рустами Ваҳҳоб, Искандари Хатлонӣ, Озарахш, Озар ва дигарон);
- рубоӣ ва дубайтӣ - на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ (Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукуҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Аскар Ҳаким, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Ҳабибулло Файзулло, Мӯъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ширин Бунёд, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Ҳадиса Қурбонова, Меҳринисо, Фарзона, Рустами Ваҳҳоб, Искандари Хатлонӣ, Озарахш, Озар ва дигарон);
- порча аз достон - на кам аз 150 байт (аз Садриддин Айнӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Сайдалӣ Маъмур, Ғаффор Мирзо, Мӯъмин Қаноат, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Ҳадиса Қурбонова ва дигарон);
- дигар навъҳои шеърӣ-100 байт аз шоирони муосири тоҷик.
- осори мансури (насрии) муосир - роман – 30 номгӯй, повест – 40 номгӯй, ёддоштҳо – 5 номгӯй, ҳикояву новелла – 50 номгӯй (аз Садриддин Айнӣ, Ҳаким Карим, Пулод Толис, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ, Ҷумъа Одина, Муҳиддин Хоҷаев, Урун Кӯҳзод, Сорбон, Кароматулло Мирзоев, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Юсуф Акобир, Ҷонибек Акобир, Бароталӣ Абдураҳмон, Баҳманёр, Сайф Раҳим, Маҷид Салим ва дигарон).
Фарзонаи Мирзо