Театри давлатии Академии Опера ва балети тоҷик ба номи Садриддин Айнӣ калонтарин театри мусиқии Тоҷикистон соли 1940 дар заминаи Театри мусиқии тоҷик таъсис ёфтааст. Ҳайати онро ҳофизон Т. Фозилова, А. Муллоқандов, Ҳ. Аҳмадов Б. Тўраев, А. Бобоева, Р. Ғолибова, М. Зиёев, раққос ва раққосаҳо: А. Азимова Ғ. Валаматзода, О. Исомова, М. Қобилов, А. Исҳоқова, У. Рабимов ва дигарон ташкил медоданд. Соли 1941 театр дар Даҳаи санъати тоҷик дар Москва иштирок намуда, нахустин
Сатҳи фарҳангии ҳар як миллат, аз ҷумла тоҷикон, ба вазъи фаъолияти китобхонаҳо ва дигар марказҳои фарҳангӣ ва илмии ҷумҳуриявӣ алоқамандии калон дорад. Дар ин самт вазифаи муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ хамчун маркази илмӣ ва методӣ барои барномасозӣ ва дастурдиҳии ҳама китобхонаҳои кишвар хеле бузург ва назаррас мебошад. Ташаккули дурусти фарҳанги китобдорӣ ва омўзиши асосҳои
Китоби мазкур соли равон бо талоши донишманди тоҷик Суҳайлӣ Расулов чоп шудааст ва гуфта мешавад, ки он як дастури таълимӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Дар сарсухан китоб муаллиф навиштааст, ки корҳои хаттӣ воситаи муҳим ва арзишманди саводомӯзӣ, такмили истеъдод, балоғати калом, тақвияти андеша ва ҳофиза, муназзамии лафзу маънӣ, равонии нутқ ва умуман инкишофи малакаву маҳорати толибилмон маҳсуб меёбад.
Дар ҷаҳони муосири таҳсилот дар назар бояд дошт, ки таъмини иттилооту ахбороти фаврӣ тавассути воситаҳои техникӣ таъмин мегардад. Дар баробари ин малакаву
Китоби “Эмомали Рахмон и год молодёжи”” (“Эмомалӣ Раҳмон ва соли ҷавонон”), ки ҳабдаҳумин китоб аз ин силсила китобҳо дар бораи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ба нашр расид. Муаллифон Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Самариддин Асозода буда, зери таҳрири академик Фарҳод Раҳимӣ рӯи чоп омадааст. Китоб сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 дар роҳи рушду нумӯъи кишвар, таҳкими Истилолу рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, боло бурдани нақши созандаи ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ҳикоят мекунад. Муаллифон кӯшиш намудаанд муҳимтарин ва арзишмандтарин дастовардҳои соли 2017-ро дар китоб