Ба таъсиси театри Опера ва балети Тоҷикистон 80 сол пур шуд
Нашр шуд 2020-12-17 17:04
Театри давлатии Академии Опера ва балети тоҷик ба номи Садриддин Айнӣ калонтарин театри мусиқии Тоҷикистон соли 1940 дар заминаи Театри мусиқии тоҷик таъсис ёфтааст. Ҳайати онро ҳофизон Т. Фозилова, А. Муллоқандов, Ҳ. Аҳмадов Б. Тўраев, А. Бобоева, Р. Ғолибова, М. Зиёев, раққос ва раққосаҳо: А. Азимова Ғ. Валаматзода, О. Исомова, М. Қобилов, А. Исҳоқова, У. Рабимов ва дигарон ташкил медоданд.
Соли 1941 театр дар Даҳаи санъати тоҷик дар Москва иштирок намуда, нахустин операҳои тоҷик: «Шўриши Восеъ»- и С. А. Баласанян ва Ш. Бобокалонов, аввалин балети тоҷик – «Ду гул»-и А. Ленский, намоишномаи мусиқии «Лола»-и Баласанян ва С. Урбахро намоиш дод. 14 марти соли 1942 театр мавсими худро дар бинои ҳозирааш кушод. Соли 1948 ба театр унвони академӣ ва соли 1954 номи С. Айнӣ дода шуд.
Дар саҳнаи театр аввалин чандин операҳои тоҷикӣ, аз ҷумла «Тоҳир ва Зўҳро» (1944) ва «Арўс»-и А. Ленский (1946), «Бахтиёр ва Нисо»-и Баласанян (1954), «Рўдакӣ» (1976), «Комде ва Мадан» (1960), «Қишлоқи тиллоӣ» (1981)-и Д. Дўстмуҳаммадов, балетҳои тоҷикӣ – «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанян (1947, 1957, 1970), «Дилбар»-и Ленский (1954 , 1956), «Гилеми кабуд»-и И. Волберг (1958), «Марги судхўр»-и Т. Шаҳидӣ (1978) – ро намоиш дода шуданд.
Аз соли 1944 сар карда театр операҳои композиторони рус М. Глинка, П. Чайковский, Н. Римский - Корсаков, А. Бородин, А. Рубинштейн, С. Рахманинов, композиторони ғарб Ҷ. Верди, Ҷ. Пуччини, Ж. Бизе, В. Мотсарт, Д. Кабалевский, К. Листовро ба забони русӣ намоиш медиҳад.
Соли 1946 операи «Евгений Онегин»-и П. И. Чайковский ба забони тоҷикӣ саҳнавӣ гардид. Ҳайати балет низ репертуари худро аз ҳисоби асарҳои классикони ҷаҳонӣ такмил дод. Дар саҳнаи театр «Кўли қувон», «Нозанини хуфта», «Шелкунчик»-и П. Чайковский, «Жизел»-и А. Адан, «Болеро»-и Б. Равел ба намоиш гузошта шудаанд.
Хатмкардаи факултаи балетмейстерии Институти давлатии театрии ба номи Луначарский Ғаффор Валаматзода дар инкишофи балети тоҷик саҳми арзанда гузошт. Инчунин санъати баланди балерина Малика Собирова шўҳрати умумиҷаҳонӣ пайдо кард. Ба туфайли ў барномаи театр аз ҳисоби асарҳои классикӣ ғанӣ гардид. Дар ҳайати опера низ кадрҳои баландихтисос арзи вуҷуд карданд: Б. Мамадқулов, Р. Муллоҷонова, З. Аминова, О. Сабзалиева ва дигарон. Театр ба қувваҳои нави эҷодӣ такя намуда, назди худ ҳалли вазифаҳои мураккаби эҷодиро гузошт. Ҳайати артистони балети тоҷик бо сардории М. Собирова ва М. Бурҳонов ба Финляндия, Сингапур, Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳои хориҷа сафари ҳунарӣ карда, муваффақияти калон ба даст овардаанд. Дар роҳи тараққии театр як қатор ходимони батаҷрибаи санъати рус ва тоҷик ҳисса гузоштаанд. Инҳо - дирижёрҳо Л. П. Кауфман, Л. Я. Левин, П. С. Мирошниченко, Артисти Халқии СССР Ғ. Валаматзода, Л. А. Серебровская ва дигарон мебошанд.
Аз соли 1956 театр барои бачаҳо опера ва балетҳо намоиш дода, завқи бадеии кўдаконро тарбия менамояд. Дар барномаи рўзонаи театр операҳои бачагонаи «Кулоҳчаи сурх»-и Кюи (1956), «Алибобо ва роҳзанон»-и Г. Александров (1983), «Найи сеҳрнок»-и М. Атоев (1985) ва ғайраҳо мавҷуданд. Театр барномаҳои худро дар шаҳрҳои Москва, Нижний Тагил, Свердловск, Новосибирск, Оренбург, Тошканд, Киев, Хуҷанд, Тирмиз, Кўлоб нишон додаст.
Ҷустуҷўи эҷодии Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик идома дорад.
Муясара Қаюмова, мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар