Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ба анҷом расид. Ин бегоҳ дар бинои театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими супоридани ҷоизаҳо баргузор мешавад ва бо ҳамин дуюмин озмуни ҷумҳуриявӣ расман ба анҷом мерасад. Даври ниҳоии он муддати 11 рӯз дар Китобхонаи миллӣ багузор шуд. Дар ҳамин иртибот як суҳбате доштем бо Директори ин боргоҳи маърифат, профессор Ҷумахон Файзализода. Устоди муҳтарам, мегуфтед ба андешаи Шумо ҳадафи асосии эълон кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби Пешвои миллат чист ва чунин озмунҳо ба мардум чӣ медиҳанд? - Аз сарчашмаҳо бармеояд, ки мардуми тоҷик
Сайидумар Султонов дар деҳаи Қалъачаи Калони ноҳияи Ўротеппа (ҳозира Истаравшан) таваллуд ёфтааст. Вай соли 1947 мактаби миёнаи нопурраи деҳаи Нилўи ноҳияи Ҳисорро хатм намуда соли 1952 омўзишгоҳи шаҳри Ўротеппаро ба итмом расонидааст. Ҳамзамон солҳои 1948-1952 муаллими синфҳои ибтидоии мактаби зодгоҳаш буд. Сайидумар Султонов соли 1952 ба факултаи таъриху филологияи ДДТ ба номи В. И.
Дар охирин рӯзи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» Бо Муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири шинохта Ато Мирхоҷа ҳамсуҳбат шудем. Ва табиист, ки суҳбати мо аввал дар атрофи озмун буд ва баъд дар атрофи масоили дигаре, ки он ҳам ба китобу китобхонӣ иртибот дошт, ҷараён гирифт.
- Бардошти Шумо аз озмун? Он чӣ хоҳад дод?
- Озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба як маъракаи бисёр муҳими фарҳангӣ табдил ёфт. Ман фикр мекунам баъди 2-3 сол маърифати ин озмунро хубтар дарк мекунем, ки дар васеъ