Китоби “Эмомали Рахмон и год молодёжи”” (“Эмомалӣ Раҳмон ва соли ҷавонон”), ки ҳабдаҳумин китоб аз ин силсила китобҳо дар бораи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ба нашр расид. Муаллифон Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Самариддин Асозода буда, зери таҳрири академик Фарҳод Раҳимӣ рӯи чоп омадааст. Китоб сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 дар роҳи рушду нумӯъи кишвар, таҳкими Истилолу рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, боло бурдани нақши созандаи ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ҳикоят мекунад.
Муаллифон кӯшиш намудаанд муҳимтарин ва арзишмандтарин дастовардҳои соли 2017-ро дар китоб муаррифӣ намоянд. Маҷмӯаи мазкур чун сарчашмаи боэътимод барои доираи васеъи хонандагон – олимон, муаррихон, пажӯҳишгарон, унвонҷӯён ва ҳамаи онҳое, ки ба мавзӯи мазкур алоқа доранд пешниҳод шудааст.
Китоби мазкурро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Бунафша Раҳмонова