Аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шарҳе дар ҳошияи чопи китоби нав
Ҳамчуноне хабар дода будем, чанде муқаддам ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асари илмӣ таҳти унвони «Аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби мутахассиси ҷавони риштаи ҳуқуқ – мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сайнозимзода Фирўз Сайнозим дар нашриёти «Эр-граф»- и шаҳри Душанбе интишор гардид.
Дар рисолаи мазкур Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ҳамчун падидаи мубрами сиёсиву ҳуқуқӣ мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор гирифтааст. Инчунин, дар рисола паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҳуқуқӣ таҳлил гардида, нақши онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва афзудани обрўву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ басо муҳим арзёбӣ шудааст.
Тавре муаллифи асар Сайнозимзода Ф. С. иброз менамояд: «Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолии мамлакат, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ ва дар маҷмўъ, баҳри рушду инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад. Чунин дастуру супоришҳо ва талаботи Паёми Президенти кишвар бояд, ки аз ҷониби шахсони ваколатдор сари вақт ва бо сатҳу сифати баланд иҷро гарданд. Зеро дар амал татбиқ кардани онҳо дар баланд гардидани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як шахс ва дар маҷмўъ, халқи Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд.
Аз ин лиҳоз, имрўз нақш ва мавқеи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боло меравад ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа баргузор гардидани онро интизорӣ мекашанд, тариқи воситаҳои ахбори омма матлаби онро бо таваҷҷуҳи хосса тамошо ва мутолиа мекунанд, мазмуну моҳият ва мундариҷаи ин санади муҳимро бо самимият меомўзанд ва дар амалӣ гаштани муқаррароти Паёми Президенти мамлакат фаъолона ширкат меварзанд».
«Дар замина ва баҳри иҷро намудани талаботи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2000-2019 зиёда аз 100 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, фармонҳо, қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабулу тасдиқ гардиданд. Инчунин, ба зиёда аз 100 санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки онҳо ҷиҳати беҳтар шудани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии кишвар, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, адолати иҷтимоӣ, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд гардидани обрўву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудаанд», - қайд мекунад Сайнозимзода Ф. С.
Муаллиф дар асари пурарзиши худ нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишварро дар рушду инкишофи ҳамагии соҳаҳои ҳаёти мамлакат муҳим арзёбӣ карда, чунин менигорад: «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар шароити кунунии Тоҷикистон мавқеи намоёнро ишғол намудааст. Зеро дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илму маориф, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди неруи инсонӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳким ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, такмили низоми идоракунии давлатӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат дар бахши таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, соҳибкориву сармоягузорӣ, ҳифзи саломатӣ, сиёсати давлатии ҷавонону занон, рушди сайёҳӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, рушду нумўи қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таъмини сатҳу сифати қонунгузорӣ, тақвияти ватандўстиву ватанпарастӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, таълиму тарбияи фарзанд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиаи мамлакат, суботу амнияти ҷомеа ва давлат, муқовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон, таҳкими иқтидори содиротии мамлакат, самаранокии бозори меҳнат ва дигар масъалаҳои ниҳоят муҳимми сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ шуда, роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод гардиданд».
Муҳаррири масъул: Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ буда, муқарризон Насриддинзода Э.С. – узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон; Муртазозода Ҷ.С. – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Каримзода К. – номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саъдизода Ҷ. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, и.в. мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд.
Бояд хотирнишон сохт, ки Сайнозимзода Ф. С. муаллифи нахустин рисолаи илмии «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ» дар Тоҷикистон мебошад. Тавре муҳаррири масъули рисолаи мазкур доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ қайд менамояд: «Дар илми тоҷик, хусусан илми ҳуқуқ нахустин маротиба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли як асари комил мавриди таҳлил ва таҳқиқи илмӣ қарор дода шудааст. Омўзиш ва таҳлили ин рисолаи воқеан ҳам пурарзиш далолат бар он мекунад,
ки муаллиф мавзўи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз назари илми ҳуқуқ хеле моҳирона ба риштаи таҳлил ва пажўҳиш кашида, дар он аз сарчашмаҳои илмии боэътимод, дидгоҳу афкор ва назарҳои созандаву пурҳикмати ҳуқуқшиносони ватанӣ ва хориҷӣ ба таври фаровон истифода намудааст».
Ҳамин тариқ, Китоби навбатии мутахассиси ҷавони риштаи ҳуқуқи мамлакат Сайнозимзода Ф. С. перомуни «Аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 боб ва 9 зербоб иборат буда, омўзиши он ҳар як хонандаро оид ба аҳамияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ва соири масъалаҳои муҳимми сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ шудаанд, ошно хоҳад намуд.
Ин Китоби хонданӣ ва таҳлилӣ барои ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, олимон, муҳаққиқон ва умуман, доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Китобҳои «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ» ва «Аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.