Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун
Нашр шуд 2020-09-11 09:26
Ин китоби дуҷилда, ки аввалӣ соли 2017 ва дуюмӣ соли 2018 нашр шудааст, як қиссаи басо хонданиву ибратомӯз аз талошҳо барои оғози сохтмони неругоҳи барқиву обии Роғун аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки худи оғози он чи интригаҳои байналмилалӣ дошт. Ҷойи гап нест, аммо муҳимтарин ҳарф он аст, ки маҳз талошу ҷонбозиву истодагарии Пешвои миллат буд, ки билохира ин тарҳ амалӣ шуду сохтмони он идома дорад.
Ин китоб-албом аст ва суратҳо худ ҳикоятгари қадам ба қадам бунёд шудани Роғун мебошад. Хайрулло Амирзода дар сарсухани китоб менависад:
Инак, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, кишвари якдиливу якпорчагӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, диёри муҳаббату ватандорӣ, макони аҳду вафо ва сидқу сафо, Ватани номусу нанги ориёӣ, рўйдоди муодили инқилоб – инқилоби энергетикӣ ба вуқўъ пайваст, ки мислашро мардуми аксар кишварҳо чун орзуву омол дар ниҳод мепарваранд.
Он рўзи саиду муборакро, ки солҳои бардавом мардуми нексиришту некманиши ин Ватани фаррухфол чашм ба роҳ буданд, фароҳам омад ва чеҳраҳо гулгуну қалбҳо фараҳрез, дидаҳо нуронитару равонҳо равонтар гардиданд. Лаҳзаҳои ҳассосу гуворову фараҳфизои 16 ноябри соли 2018, ки миллионҳо нафар мардуми сайёра интизори дидораш буданд, ба вуқўъ пайваст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли барқи аввали нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ифтитоҳ бахшиданд, ки он дар таъриху сарнавишти давлатдории тоҷикон чун рўйдоди муҳими хотирмон ва рамзи ҷовидон боқӣ хоҳад монд.
«Ин санаи таърихӣ дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт ва боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрўзу ояндаи халқамон мегардад», – изҳор доштанд зимни суханронӣ Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури иштирокдорони ин маъракаи тантанавӣ, намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, собиқадорони бунёди «Роғун» ва бунёдгарони Неругоҳ.
Дар идомаи сарсухан мехонем: Пас аз анҷоми муваффақонаи ташхиси Лоиҳаи «Роғун» аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ, ки бо хоҳиши Ҳукумати Тоҷикистон сипарӣ гардид, аз моҳи сентябри соли 2014 сар карда корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншооти тақдирсоз вусъати тоза пайдо карданд. Иҷрои нақшаву ўҳдадориҳо аз ҷониби Фармоишгари сохтмон ҶСК «НБО Роғун», Намояндаи
Фармоишгар ва мутахассисони байналмилал таҳти назорати қатъии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода, масъалаҳои мавриди назар дар мувофиқа бо Шўрои нозирони Ҷамъият ва Ситоди Ҷумҳуриявии сохтмон ҳаллу фасл гардиданд
29 октябри соли 2016, чунонки огаҳӣ доред, бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат маҷрои дарёи Вахш тағйир дода, ба бунёди таҳкурсии Пешдарғоти Сарбанди 335 метраи Неругоҳ асоси боэътимод гузошта шуд. Таи муддати сипаришуда Пешдарғот то сатҳи 1065 метр бунёд гардид. Корҳои озмоишиву санҷишӣ ва интиқолу ҷобаҷокунии ду адад трансформаторҳои асосии қувватӣ бо иштироки мутахассисони ширкати истеҳсолии «ТВЕА»–и Ҷумҳурии мардумии Чин амалӣ гардид. Хати интиқоли 500 киловолтаи «Роғун»–Душанбе пурра сохтаву ба истифода дода шуд. Барои ба истифода супоридани иншооти навбати аввали Неругоҳ ва истеҳсоли барқи аввал дар дигар иншооти асосиву ёрирасони Неругоҳ низ корҳои зиёде анҷом ёфтаанд.
Имрўзҳо дар майдони сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» 67 ташкилоту муассисаҳои лоиҳакашиву сохтмонии ватанию хориҷӣ фаъолият мекунанд, ки теъдоди умумии кормандони онҳо зиёда аз 22000 нафарро ташкил медиҳанд...
Ин ду китоб-албоми Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед ва бо ин ба таърихи талошҳо барои бунёди ин сохтмони аср аз наздик ошно шавед.
Китоб сарчашмаи муътам адест, саршор аз рақамҳои расмист. Касоне, ки таърих меомӯзанд, бо истифода аз ин рақамҳо дигар раҳгум намезананд.
Таҳияи Бунафша Раҳмонова, Сармутахассиси Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.