Ҷойгоҳ ва мақоми зан дар Авасто
Нашр шуд 2020-03-04 10:12
Ҷойгоҳ ва мақоми зан дар тамаддунҳои бостонӣ, аз ҷумла дар тамаддунҳои ҳиндӣ, чинӣ, ориёӣ, мисрӣ, юнонӣ, румӣ ва дигар тамаддунҳои ҷаҳонӣ, ки тавонистаанд дунёро такон бидиҳанд, хеле бузург аст. Дар аксари тамаддунҳо зан дар мақомҳои изад, шоҳ, малика, маслиҳатдеҳи шоҳ, гоҳе вазир, мутафаккир, олим, шоир, нависанда, сарлашкар, ҷанговар, қаҳрамон омадааст. Ба мақому мартабаи зан, махсусан дар динҳои гуногун, эътибори хосса дода шудааст.
Ба ҷойгоҳ ва мақому мартабаи зан, модар дар китоби муқаддаси Авесто, ки яке аз қадимтарин ёдгории адабиёти бостонии халқи тоҷик маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст. Вожаи «Авасто» дар паҳлавӣ Апастак, дар таърихномаҳои исломӣ Авасато, Абасто, Апасто, Исто, Усто, Васто омадааст.
Сардафтари адабиёти класскикии форсу тоҷик – Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз Авасто чунин ёд кардааст:
Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ў шарҳ,
Ҳамчу Абастост фазлу сирати ў Занд [11, 95].
Ин вожа аз пешванди «а» ва сифати «веста» ба маънии шинохтан, донистан гирифта шудааст. Доктор Алиакбар Ҷаъфарӣ бар ин назар аст, ки вожаи Авасто аз пешванди «а» ва «веста» гирифта шуда, он маънии «сухани сарбаста, гавҳари нуҳуфта, рози ниҳонӣ, каломи осмонӣ, рамзи ботинӣ ва болотар аз фаҳми норасои ҷаҳониён» аст.
Зартушт бо фармони шоҳ Виштосп Авасторо, ки аз 1200 боб иборат буд, дар рўйи тахтачаҳо бо хатти заррин менависад ва онро дар оташкада мемонанд. Дар Динкард омадааст, ки пас аз навиштан бо фармони Виштосп як нусхаи матни Авасто дар Шиз (Ганҷи Шойгон), нусхаи дигараш дар «Дижи нипишт» – китобхонаи Истахр ва нусхаҳои дигараш дар китобхонаҳои дигар ва оташкадаҳо ҷой дода шудаанд. Пас аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ юнониҳо як нусхаи онро сўзонда, нусхаи дигарашро бо худ бурда, ба забони юнонӣ тарҷума намуда, матни асли китобро нобуд мекунанд. Сипас дар замони Ашкониён шоҳ Валахш фармон медиҳад, то сурудҳои Авасторо аз ҳофизаи мўбадон ҷамъоварӣ намуда, дар шакли китоб мураттаб созанд.
Писари Ҳурмузд – Шопур фармон медиҳад, то китоби Авасторо аз нав такмилу таҳрир намоянд ва ин корро Озарбади (Атурпати) Меҳраспандон анҷом медиҳад. Пас аз ин, дар замони Хусрави Парвиз китоби Авасто бо забони паҳлавӣ тарҷумаву тафсир мешавад, ки онро Занд меноманд. Ин китоб аслан аз бисту як бахш иборат будааст, ки то имрўз танҳо шаш бахши он боқӣ мондаааст: «Гоҳон», «Йасна», «Йаштҳо», «Вандидод», «Виспарад», «Хурда-Авасто». Ду нусхаи муътабари ин китоб ҳоло дар китобхонаи шаҳри Копенгагени Дания маҳфуз аст.
Китоби Авасто аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа бой буда, чун қомуси зиндагии халқҳои ориёӣ, дониши андўхтаи онҳо аз илмҳои гуногун, аз ҷумла фалсафа, дин, таърих, ҳуқуқ, тиб, ҷуғрофиё, нуҷум, ҳандаса, риёзиёт, забон ва адабиёт дар давраи бостон шинохта шудааст.
Шакли пурраи ин пажӯҳиши ҳамкорамон Шобегим Маликшоеваро ИН ҶО бихонед.