Муаррифии Тоҷикистон дар чанд сатр. Истиқлолияти давлатӣ.

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи Шоҳроҳи бузурги абрешим қарор дорад. Ин кишвари кўҳистон аст, зеро 93 фоизи сарзамини онро кўҳҳои сарбафалаккашидаи Помир, Тиёншон ва дигар қуллаҳои баланд ташкил медиҳанд.       Масоҳати умумии ҳудуди Тоҷикистон 143 ҳазор км мураббаъ аст. Дарозию паҳноии кишвар аз ғарб ба шарқ 715 км ва аз шимол ба ҷануб 509 км аст.

Тоҷикистон аз ғарб ва шимол бо Ўзбекистон ва Қирғизистон ва аз шарқ бо Қирғизистону Хитой ҳамсарҳад буда, аз ҷануб марзи тўлонӣ бо Афғонистон дорад. Аз Покистону Ҳиндустон марзи Тоҷикистонро ҳудуди паҳноияш 15 километраи Афғонистон ҷудо мекунад.

Ҳавои кишвар дар водиҳо то 50 дараҷа гарм ва дар баландиҳо то 50 дараҷа хунук мешавад. Шумораи аҳолӣ дар ҳолати то 1 январи соли 2016 ба 8 миллиону 547 ҳазор нафар расидааст.

Тоҷикистон баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шўравӣ давлати мустақил шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон барои ҳар як инсон зиндагии арзанда ва рушди озодонаро фароҳам меоварад. Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст.

Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, соли 1992 Тоҷикистон ба узвияти Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардид. Имрўз Тоҷикистон бо 152 кишвари олам робитаҳои дипломатӣ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Ҳокимияти иҷроя (Ҳукумат) аст. Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд.

Аз китоби “Тоҷикистон – 25”.   Душанбе: Ирфон, 2018. – 372 с.

Таҳияи Бунафша Раҳмонова,

сармутахассиси Медиатекаи Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон