Китоби нав. Раҷабзода Маҳмадулло: Пешвои хирадоин
Нашр шуд 2021-02-10 16:37
“Пешвои хирадоин” китобест фарогири мақолаҳои омӯзгори собиқадор Маҳмадулло Раҷабзода, ки дар чанд соли охир дар рӯзномаи расмии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” интишор шудаанд. Муҳтавои мақолот дастгирӣ ва тавзеҳи барномарезиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаҳои илму маориф, забони давлатӣ ва танзими расму оини миллӣ буда, дорои аҳамияти вижа барои ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, китоб ба доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.
Дар бахши “Ҷилои хирад” муаллиф менависад: Таърихи башарият, аз ҷумла сарнавишти халқи тоҷик, аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳама гуна гардишҳои бузург, таҳаввулоти азиму бунёдӣ дар умури сиёсиву иҷтимоӣ, афкору андешаи миллӣ, оину таомулот ва зеҳну сиришти афроди ҷомеа бо азму талош, кору пайкори шахсиятҳои маъруф, фарзонафарзандоне, ки зимни ҷасорату матонат, фидокориву хирадмандӣ, фазилату иродати сиёсӣ ва маънавии хеш ормонҳои таърихии мардумро таҷассум намудаанд, пайванди ногусастанӣ дорад.
Дар аввалин рӯзҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон – дар марҳилаи ҳассосу тақдирсоз ҷараёни рӯйдодҳои иҷтимоиву сиёсӣ дар кишвари мо тарзе сурат гирифт, ки заминаҳои воқеии дигаргуниҳои батадриҷи мамлакат ва рушди босуботу осоиштаи истиқлолро ба куллӣ аз байн бурд. Аз замони зимоми давлатдории навини тоҷиконро ба даст гирифтани фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон фазилати хоссаи давлатдории тоҷикон бо шукӯҳу шаҳомати тоза падид омад, ки муҳаррик ва меҳвари асосии он ҳимояву ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ – таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар мебошад. Лозим ба таъкид аст, ки дар ин радиф ба шарофати тафаккури стратегӣ ва созандаву ояндабинона, ҳамзамон, азму талоши беназир ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат забони миллӣ ва ташаккулу рушди пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи Истиқлолияти давлативу сиёсӣ ва фарҳангии мо гардида, ба ҳайси яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва бунёдии фарҳанг дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ нақши муҳим бозид.
Аз ин ҷост, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсатмадори асил, Пешвои муаззами миллат дар фосилаи начандон тӯлонии таърихӣ оид ба масъалаҳои рушди устувори забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ як силсила тадбирҳои муассир андешида, омӯзиш, ҳифзу такомул ва гиромидошти онро қарзи ҳар фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандору меҳанпараст арзёбӣ намуд.
Баррасиву андеша ва хулосае, ки Пешвои фархундақадами миллат дар заминаи таҳқиқ андар моҳият ва сарнавишти забони миллӣ, ҳифзи асолат, гиромидошти он ва наслҳои оянда поку беолоиш ва равону шево ба мерос гузоштан дар рисолаи пурарзиши хеш – “Забони миллат – ҳастии миллат” иброз намудаанд, ба муҳимтарин масъалаҳои марбут ба арзишҳои фарҳангиву забонӣ посухҳои қотеонаи илмӣ медиҳанд.
Бунафша Раҳмонова