Китоби нав. “Корнамоӣ дар марзи номус”
Нашр шуд 2021-01-11 13:10
Вақте сухан аз энергетика ва аз барқ меравад, албатта номи Роғун ба пеши назар меояд. Ҳар як кўдаки тоҷик аз хурдӣ номи Роғунро шунидааст, муйсафедон даст ба дуо мебардоранд, ки Неругоҳи Роғун тезтар бино ёбаду кишвари мо аз танқисии барқ раҳо ёбад. Бебаҳс, ҳамин тавр аст. Вале барои мутахассисон, махсусан мутахассисон ва кормандони соҳаи энергетика, Неругоҳи барқи обии Роғун фаҳмиши амиқтар, мукаммалтар ва манфиатноктареро дорост. Чанд даҳсола боз масъалаи Роғун, баҳси Роғун аҳамият ва манфиати Роғун дар байни мутахассисон, сиёсатмадорон, дўстону бадхоҳон, ҳатто дар байни мардуми одӣ идома доранд. Садҳо китобҳову мақолаҳо нашр гаштанд, даҳҳо таҳлилу экспертизаҳо пушти сар шуданд.
Оқибат Роғун бино ёфт, ду агрегати он аллакай ба кор сар кард ва барои иқтисодиёти милливу аҳолии кишвар неруи барқ истеҳсол карда истодааст. Вале ин кори одиву осон набуд. Вақте мо мегўем, ки «Роғун бино ёфт», худ аз худ симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҷилвагар мешавад. Вале, агар обрўву нуфузи байналмилалии Сарвари мо, меҳнату заҳмат ва азму иродаи қавии ин абармард намешуд, бунёди Неругоҳи Роғун номумкин мегардид.
Баъди душвориву мушкилоти зиёдро пушти сар намудан, аз имтиҳони хеле мушкили таърих гузаштан, таҳлилу исботу экспертизаҳо, мулоқоту вохўриҳои сатҳи байналмилалӣ – дар оқибати кор тантана намудани ҳақиқат ва бунёд ёфтани Неругоҳи Роғун ин як рўйдоди одӣ не, балки ҷасорату матонату иродаи пўлодини Пешвои муаззами мо ва танатанаи бузургии миллат буд, ки дар атрофи Сарвари худ муттаҳид шуда, ба ин ҳадафи олӣ расиданд.
Ба ёд дорем, дар Конфронси дуввум оид ба фурўши неруи барқ миёни кишварҳои Осиёи марказӣ ва Ҷанубӣ, дар моҳи октябри соли 2006, дар шаҳри Душанбе, Пешвои миллат қайд карда буданд: «Дар марҳалаи кунунӣ дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаи ниҳоят муҳим ва ояндадор амалӣ шуда истодааст. Яке аз онҳо ба охир расонидани навбати аввали Неругоҳи « Роғун» мебошад…
Мо тасмим гирифтаем, ки аз соли 2007 сохтмони ин неругоҳро бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ шурўъ намоем ва вусъат бахшем».
Ин як пора аз сарсухан ба китоби “Корнамоӣ дар марзи номус” иқтибос шуд, ки бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ чоп шудааст. Муаллифи китоб Нозир Ёдгорист, ки солҳои охир сухангӯи “Барқи тоҷик” аст ва аз қазияи бунёди Роғун хуб огоҳ мебошад.
Муҳаррири масъул Асадулло Раҳмон ва гуфта шудааст, ки таҳия ва нашри ин китоб аз тарафи Ширкати «Барқи Тоҷик» чун нишони эҳтирому миннатдорист ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун ба ташаббускору пешкори ин лоиҳаи бузург ва ба бунёдкорони ин Коху бузурги нури зиё.
Китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Меҳрангез Муҳаббатова