Субҳи имрӯз дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаҳои такмили адабиёт ва коркарди адабиёт мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи китоб 26 умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар мавзӯи “Нақши китоб дар ташаккули фарҳанги маънавии ҷавонон” доир гардид.
Гадобек Маҳмудов – ҷонишини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар суханони ифтитоҳии худ баъди табрики ҳозирин ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар бораи арзишу мақоми китоб ҳарф зад. Вай аз ҷумла гуфт: “Китоб дар тарбияи маънавии насли инсон нақши босазо дорад. Пешвои миллат бо дарки ин нукта ҳамеша ба он таъкид мекунанд, ки бе китоб наметавон оянда сохт ва ҷомеаи кишвар ба китобҳои хубу инсонсоз ниёз дорад. Ва боиси хушнудист, ки сарвари давлати мо худ ташаббускори роҳандозии чопи силсилакитобҳои мавзуъӣ мебошанд. Ва имрӯз мебинем, ки нашриётҳо дар асоси он маблағҳое, ки аз буҷаи ҷумҳурӣ ҷудо карда мешаванд, беҳтарин китобҳоро интишор медиҳанд. Тоҷикистон дар чопи китоб пешрафтҳое дорад, китобҳои бо сифату ороиши баланд чоп мешаванд ва намунаҳои онҳо дар намоишҳои байналмилалӣ ва дохилии китоб пешкаш мешаванд. Дар дохили кишвар ҳам панҷ намоиши байналмилалии китоб баргузор шуд”.
Баъдан, Некрӯз Сафаров-сардори шуъбаи кӯдакону наврасони Муассисаи давлатии Сарредаксияи энсиклопедияи миллӣ таҳти унвони “Нақши донишномаҳо дар тарбия ва такмили ҷавонон”, Директори муассисаи “Адиб” Гурез Сафаров бо номи “Нақши китоб дар ташаккули фарҳанги маънавии ҷавонон”, Директори муассисаи нашриявии “Адабиёти бачагона” Содиқҷон Завқиев дар мавзуъи “Нақши китоб дар тарбияи насли наврасу ҷавонон” ва Сардори шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атоев таҳти унвони “Китобхонаи миллӣ ва рушди зеҳнии ҷавонон” суханронӣ карданд.
Дар охир, миёни ширкаткунандагон дар атрофи мавзуъ табодули афкор сурат гирифт.
Фарзонаи МИРЗО