Кормандони шуъбаи такмили адабиёт дар тӯли ин нуҳ моҳ 2762 нусха (1238 номгўй) китобҳои ҳатмӣ ва 892 нусха (110 номгўй ) нашрияҳои гуногунро қабул намуда, ба дафтари бақайдгирӣ сабт намуданд. Ба шумораи мазкури китобҳо барга навишта шуда, сипас ба шуъбаҳои дахлдор ирсол карда шуд. Баргаҳои аз рўи таснифоти сол, алифбо ва ҷои нашр ба танзим дароварда шуда, ба феҳристи фармоишии шуъба захира карда шуданд.
Дар ин муддат 173062 нусха адабиёт ба маблағи умумии 480353,87 сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид карда шуд. Ба фонди умумии Китобхона – 23648 нусха ба маблағи умумии 468299,38 сомонӣ ворид карда шуд, аз ҷумла, китобҳо – 20779 нусха, маҷаллаҳо – 1896 нусха, нашрияҳои давомноки илмӣ-446 нусха, нотаҳо - 61 нусха, маводҳои коркарди гурўҳӣ - 17 нусха, авторефератҳо-200, диссертатсияҳо – 72 нусха, дастнависҳо- 13 нусха, DVD - 115 дона, изографикаҳо -2 нусха, секограмма - 47 нусха. Ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ – 149169 нусха ба маблағи умумии – 9393,46 сомонӣ, ба захираи байналмилалии байникитобхонавӣ – 237 нусха ба маблағи умумии – 2495,71 сомонӣ ва бе қайд кардан ба шуъбаҳо - 8 нусха ба маблағи умумии - 165,32 сомонӣ ворид карда шуд.
9065 адад рўзномаҳои обунавӣ ва ҳатмӣ (ҳатмӣ - 4140, обунавӣ - 4925) ба қайд гирифта шуд. Илова бар ин 4945 лифофа ворид шуд. 446 адад маҷаллаи нусхаи ҳатмӣ, 707 адад маҷаллаҳо, 72 нусха китобҳои обунавӣ ва 652 дона маҷалла аз сарчашмаҳои гуногун муҳр зада, дар феҳристи шуъба ба қайд гирифта шуд.
Аз ҶДММ «Дониш ДК», аз нашриётҳои “Адиб” ва “Адабиёти бачагона”, Институти забон, адабиёт ва шарқшиносӣ ба номи А. Рўдакӣ, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, ЧП Раҳмонов И. - 441 нусха адабиёт (аз он ҷумла- 13 дастхат) ба маблағи умумии - 236718,11 сомонӣ харидорӣ ва ба қайд гирифта шуд.
Аз ҷониби ОБСЕ, Сафоратхонаи Хитой, Маликаи Тайланд, “Интрансдорнаука”, “Ройзании фарҳангии Эрон”, СММ, “Россотрудничество”, Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, академик М. Шакурӣ, профессорҳо И. Соатов, Наврўзов, аз сарчашмаҳои гуногун ва шахсони воқеӣ – 162964 нусха адабиёт( аз он ҷумла 159676 нусха ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ) дар шакли туҳфа ба фонди Китобхона ворид карда шуд.
Аз захираи мубодилаи байналмилалии байникитобхонавӣ тавассути санадҳо – 1186 нусха адабиёт ворид карда шуда, мавриди коркарди соҳавӣ қарор дода шуд ва сипас ба фонди умумӣ фиристода шуд. Аз мамлакатҳои гуногун тавассути мубодилаи байналмилалии байникитобхонавӣ 27 нусха адабиёт ба қайд гирифта шуд. Аз фонди умумии Китобхона бо санади № 688 875 нусха китоб хориҷ карда шуд.
Барои сомонаи КМТ рўйхати электронии адабиёти нусхаи ҳатмии бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба Китобхона воридшуда, ки иборат аз 931 номгўй аст, тайёр карда шуд. Тибқи мактубҳои воридшуда аз ташкилоту нохияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон 63520 нусха адабиёти гуногун аз захираи мубодилавии эҳтиётии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тавассути санадҳо тақдим карда шуд. Ба 12858 нусха адабиёти коркардшуда рамзбандии вижавӣ часпонида шуд.