Ба захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон 583 нусха китоби нав ворид шуд

Дар тули моҳи январи соли 2017 ба бахши таҳлил ва ташхиси адабиёт 583 нусха китоб ҳамчун нусхаи ҳатмӣ ворид шуд ва баъди таҳлилу ташхис ин китобҳо ба шуъбаи коркарди адабиёт равона карда шуданд.
Китобҳои воридшуда бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ буда, тамоми соҳаҳои ҷомеаро дарбар гирифта, ниёзҳои хонандагон ва пажуҳишгаронро бароварда месозанд.
Аз ҷумлаи китобҳои тозаворид китобҳои: «Чеҳраҳои мондагор», «Пешвои миллат», «Гавҳаршиноси маънӣ», «Мероси ниёгон», Зафар Сайидзода- «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ», «Энсиклопедияи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Нарзулло Тиллозода - «Земля Родная», «Уголовное судопроизводство Республики Таджикистан» ва ғайраҳо мебошад.

Мавзуна Орумбекова,
Мудири бахши таҳлил

ва ташхиси адабиёт

Барчаспҳо: