Китобҳои тозавуруд: Физиологияи растаниҳо

 Нашрёти “ЭР-Граф” китоби наверо бо номи “Физиологияи растаниҳо” аз чоп баровард. Дар сарсухани китоб омада: Фанни физиологияи рустаниҳо дар қиёс ба илмҳои марбут ба биологияи наботот мавқеъ ва мақоми хоси худро дорад. Фанни мазкур тамоми ҷанбаҳои ҳаёти рустаниҳоро дар бар гирифта, равандҳои сабзишу инкишоф, ғизогирии фотосинтетикӣ ва маънавӣ, гликолиз ва нафаскашӣ, дохилшавии об ба рустанӣ ва меъёрҳои ба танзимдарории он, устуворӣ ба омилҳои номусоиди иқлимию экологӣ ва касалиҳо, асосҳои физиологию биохимиявии ба танзимдарорандаи равандҳои рушду тинкишофи рустаниҳоро меомӯзад.

 Боиси хурсандист, ки пас аз соҳибистиқлол шудани давлатамон- Тоҷикистон, зарурият ва имконият ба миён омад, ки бо забони - модарӣ давлатӣ аввалин китобҳои дарсӣ таълиф карда шуда, забони навишти илмии фанҳои дахлдор, аз он ҷумла физиологияи рустаниҳо, мӯшфиқона ва ҳадафнок коркард ба вуҷуд оварда шавад.

 Дар ин радиф, ният ва мақсади навиштани китоби дарсӣ аз фанни физиологияи рустаниҳо ва ба нашр омода кардани он бо забони тоҷикӣ иқдоми бағоят нек буда, он имконият медиҳад, ки забони илмии ин фан бо обу ранги нав такмил ёфта, тарзи баёну навишти истилоҳҳои илмӣ боз суфтатар гардида, манзури мутахассисон қарор гиранд.

 Китоби мазкур дар доираи ҳамкориҳои Институти ботаникаи, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон, кафедраи физиологияи рустаниҳо ва биотехнологияи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо кафедраи физиолоргия ва биохимияи рустаниҳои Донишгоҳи Давлатии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бо тағйироту иловаҳо вобаста ба талаботи илми муосири физиологияи рустаниҳо ба муносибати 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷкистон бо забони тоҷикӣ омода карда шудааст. 

 Муаллифони китоб С.Медведев, А. Мирзораҳимова, Н.Ниматова ва Ф.Абдухолиқова буда, ба он профессорон С.Гулов, М.Нигмонов, Ҳ.Юлдошев, А.Эргашев тақриз навиштаанд.

 Китоби мазкур бо қарори Шӯрои илмии табъу нашри Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст.

 Ин китобро ҳоло шумо метавонед барои мутолиа аз ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дархост кунд.

Меҳрангез Наврӯзшоева,

Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.