Дар китоби «Пешвои мо», ки аз ашъори адибони тоҷик меҳрномае дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирд оварда шудааст, сабки назми муосир мушоҳида мешавад.
Каломи муваззани ин китоб садоқатномаи шоирон нисбат ба фидокориҳои бемисли Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Фасоҳату бадеияти калом, парвози баланди андеша, шаклу мазмуни олии баёни воқеиятҳои солҳои гуногун таҷассумгари маърифати иҷтимоиву адабии симои Пешвои миллат, ки дар тўли солҳо шакл гирифтааст, ба як симои арзишманди фарҳангӣ табдил ёфтааст.
Ин китоб барои доираи васеъи хонандагон, қишриҳои гуногуни ҷомеа судманд ва дар амри тарбияи рўҳияи ватандўстона дар вуҷуди ҷавонон бисёр муассир мебошад.
Оинамо Имомназарова,
мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.