Наврўз биё ошиқи зорай дили ман...
Андешаҳо перомуни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврўз
Ҳамчун як иштирокчии Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврўз ва мулоқот бо зиёиён, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзи 20 марти соли 2016, дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор гардид баъзе андешаҳои худро мехоҳам иброз дорам.
Мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврўз таваҷҷўҳи равшанфикрон ва муҳаққиқонро бештар ба худ ҷалб кард ва барои шинохти воқеӣ, таҳқиқи таърих ва расму оинҳои Наврўзӣ шароити мусоид фароҳам овард. Тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон қайд карданд, Наврўз ин дастоварди арзишмандтарини фарҳанги миллии мо аст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз хизматҳои арзандаи шоирони классику нависандагони муосири зиндаёди тоҷик ёдовар шуда, зикр намуданд, ки маҳз бо талошҳои шоистаи онҳо Наврӯз, ки беш аз шаш ҳазор сол таърих дошта, бо ойину расму рамзҳои нави башардўстона ба рӯзҳои мо расидааст. Эҳёи навини Наврўз вобаста аст ба истиқлолият, ки ин аз талошу ҳадафҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон буда, он фазилатҳои зиёде дорад, ки метавон солҳои сол дар бораи он нақлҳо карда китобҳо нависанд ва аз сулҳу ваҳдати миллӣ тараннум кунанд.
Наврўз аз дин қадим аст, хайрхоҳу некхоҳ, пайку паёми шукуфоӣ, тозагӣ, бахшидани гуноҳҳо, душманро бо душман дўст кардан ва баландтарин суннатҳои инсонӣ мебошад.
Вожаи Наврўз дар забонҳои қадимаи эронӣ, суғдӣ дар гуфтори кунунӣ шохаҳои тоҷикии забони форсӣ маҳфуз аст, ба маънои рўзи тоза, рўзи равшан, рўзи дурахшида тасвир шудааст. Чи хеле, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханҳояшон гуфтаанд, солҳои пеш дар омад-омади баҳор, иди Наврўз хонаҳоро тоза мекарданд, либосҳои чиркинро мешустанд, чизҳои чинӣ ба монанди пиёла чойник, косаву табақчаҳои шикастагиро аз хона бароварда мепартофтанд ва ҳатто Ҷаноби Олӣ нақл карданд, ки модарамон моро маҷбур мекарданд, ки мўйҳои сарамонро тоза тарошем, ки ин сиёҳи аз байн равад.
Инсонҳо руҳи худро дубора тавлид мебахшанд. Танҳо Наврўз тавонист фарҳанги форсизабононро ба ҳам бипайвандад. Наврўз рамзи якдиливу ваҳдати ҷаҳониёнро таҷассум карда тоҷиконро меҳани ҷовидонии Наврўз кард. Наврўзи мо сулҳу суботи тамоми сайёра аст. Наврўз дар забони мо бисъёр муқаддас аст, мисли модар, Ватан, нон. Вақте ки Наврўз мегўем, мо пур аз умедҳову орзуҳо мегардем, ў ба мо умри дубора медиҳад, табиатро аз нав зинда месозад, ин аст фазилати Наврўз. Хирад, фарҳанг, маърифат, одоб, ишқу муҳаббат ин суннатҳои миллати моро зинда дошт, ки дар таърихи тўли ҳазорсолаҳо бо ташаббуси пешвои миллат дигар давлатҳо нав башарӣ яъне ҳамагонӣ гашт. Ба шарофати Наврўз мо ба Ваҳдат расидем, эҳъёи Наврўз эҳъёи миллати мо гардид, эҳъёи Истиқлолияти Тоҷикистон гардид.
Боиси ифтихори кулли мардуми Тоҷикистон аст, ки Наврўз дар байни кишварҳо бузургиву тамаддунсозии мардуми тоҷикро муаррифӣ намуд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Наврӯз бо ягон дину мазҳаб робитае надорад, балки ҷашни фарҳангиест, ки аз суннату ойинҳои инсондӯстона ва ваҳдатсозу сулҳпарварона иборат мебошад ва маҳз бо ҳамин мушаххасоташ ба ҷашни оммавӣ табдил гардидааст.
Ҳадафи ба Тоҷикистон даъват кардани шумораи зиёди донишмандону адибони маъруф аз кишварҳои мухталифи дунё ва баргузор кардани ҳамоиши адибонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон воситаи муҳими тарғибу ташвиқи аҳамияти фарҳангпарваронаи ин ҷашни ҷаҳонӣ ва ойини башардӯстонаи он ба оламиён арзёбӣ кард. Ҳамоиши байналмилалии мазкур ба таҳкими робитаҳои дӯстиву адабӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам меорад, ки ширкаткунандагони он масъалаҳои вобаста ба масоили муҳими адабиётро баррасӣ намоянд ва барои рушди минбаъдаи он заминаи устувор муҳайё созанд.
Наврўз ҳамчун воситаи сулҳу суббот, осудагию ободӣ, озодии мардуми тоҷикро эътироф менамояд. Наврўз бостонитарин ҷашни миллӣ аст, ки аз ҷониби СММ эътироф шудааст, ва дар чандин давлатҳо он ҷашн гирифта мешавад ва он ҷаҳонӣ гардидааст. Баррасӣ намудани эҳёи сунатии Наврўз барои насли наврас ва ҷавонон аҳамияти калон дошта онҳоро ба роҳи хештаншиносиву ватандўстӣ, одобу ахлоқи ҳамида, ҳурмату эҳтироми калонсолон ҳидоят менамояд, бо сифатҳои башардўстона машҳури оламиён гаштааст.
Наврўз биё ошиқи зорай дили ман,
Шабҳои дароз интизорай дили ман.
Хуҷаста бод иди Наврўз!!!
Майсара Абдуллоева
Корманди медиатекаи Президентии
Китобхонаи миллии Тоҷикистон