Китобхонаи миллӣ чун меваи Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ

Дар остонаи рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Шахсан барои ман чун моҳи июн меояд, Ваҳдат шуруъ мешавад. Дӯст дорам ваҳдатеро, ки миллати парешони маро аз ҷанги хонумонсӯз наҷот дод, якпорчагиро фароҳам овард, таронаро ба лаби аз ғамҳо басташуда баргардонд, кишварро ба сӯи ояндаи шукуфон раҳнамун сохт. Ва муҳимтар аз ҳама умедро дар қалбҳо зинда кард, умеди зистан, умеди дидани шукуфаҳои Ватанро, умеди ханда дар лабҳои тифлонро ва садҳову ҳазорҳо умедҳои дигарро.
Ин аст, ки дӯст дорам Ваҳдатро ва бештар аз он дӯст дорам сухан гуфтан аз Ваҳдатро, аз Ваҳдати созандаро.

              Ҳайрати ҳинду аз Ваҳдати мо                                                         

Нуздаҳ сол пеш, 27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони фарзона миллат, ватанпараст, меҳнатдўст ва сулҳхоҳи тоҷик баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин бесарусомониҳо хотима гузошта, «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро имзо карданд.
Имзои ин Созишномаи сарнавиштсоз шароити хуби зиндагӣ ва суботу оромиро барои сокинони кишвар ба армуғон овард. Маҳз аз баракати сулҳу оштии миллӣ ва ваҳдати миллӣ якпорчагии Ватан ҳифз гардид, Тоҷикистон дубора ба оғӯши гарми субот баргашт. 
Таҷриба ва амалияи ба даст овардани сулҳи байни тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Боиси ифтихори тоҷикистониён аст, ки имрўз фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намуна буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Зеро хотима бахшидан ба  ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ, ба даст даровардани ризояти миллӣ ва сулҳу салоҳ ба хотири ободонии меҳан, якпорчагии сарзамин, амнияти халқу миллат таҷрибаест, ки шоситаи омӯзишу пайравист. Ин буд, ки Сарвари давлат барои бақои ин рӯз ва хуҷаставу шоиста донистани он бо фармони худ аз 27 июни соли 1997 ин рӯзро «Рўзи Ваҳдати миллӣ» эълон кард ва он ҳамасола басо бошукуҳ ва густарда таҷлил мешавад.
Президенти Ҳиндустон Кочерил Раман Нараянан зикр карда буд:
«Моро кўшишҳои хостагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмонов ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорем, ки ин кўшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдўсти Тоҷикистон самараи нек хоҳанд овард».

Дўстон бо ҳам бисозед , ин замони Ваҳдат аст...

Аз он ифтихор мекунам, ки дар диёрамон ваҳдати миллӣ, сулҳу амонӣ, озодиву осудагӣ ҳукмфармост. Бунёди иншоотҳои азим, мактабу муассисаҳои тиббӣ, китобхонаву бунгоҳҳои фарҳангӣ, хонаҳои сар ба афлоки истиқоматӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон маҳз барои ҳаёти осоиштаи мардуми мо аст.  Чи хеле, ки аз байтҳои устод Меҳмон Бахтӣ бармеоянд:

Дўстон бо ҳам бисозед , ин замони Ваҳдат аст,
Ҳамдилу ҳамдард будан, ҷисму ҷони Ваҳдат аст,
Он қадарҳо Ваҳдати сарду забонӣ сохтем,
Он ҳама акнун дигар заҳре ба хони Ваҳдат аст.

Баъди гузашти 19 сол таҳкими сулҳу субот дар кишвари азизамон мо метавонем бо хотири ҷамъ ва итминони комил бигўем, ки имрўз  Ваҳдати миллӣ ба ғояи умумимиллии муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо табдил ёфтааст, робитаи ногусастаниро байни тоҷикистониён ва роҳбарияти давлату ҳукумати кишварамон мустаҳкам намуд.
Бо мақсади омўзиши пурраи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва  устувор намудани Вахдати миллӣ замоне расидааст, ки як Марказ ё пажуҳишгоҳ ташкил карда шавад, ки ба оламиён бурду бохти чанги таҳмилиро нишон дода, ба қадри Ваҳдати бардавом расиданро тарғиб намояд.
Пойдор гардидани Ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки тамоми соҳаҳо рушду нумў ёфтанд ва сатҳи зиндагии мардуми тоҷик беҳтару хубтар гардид. Мо кормандони соҳаи китобдорӣ фахр аз он дорем, ки дар раванди дастовардҳои бисёр бузурги замони Истиқлолият ва Ваҳдат боз як бинои бошукўҳу замонавӣ дар маркази пойтахти кишварамон қомат рост кард, ки ин ҳам бошад, Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон  мебошад.

Як бори дигар руҷуъ ба таърих

Китобхона – муассисаи илмӣ, фарҳангӣ – маърифатӣ ва иттилоотиест, ки истифодаи ҷамъиятии осори чопӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро созмон медиҳад. 
Боиси ифтихор аст, ки 20 марти соли 2012 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори пуршукўҳи ин бинои нав арҷгузорӣ ба китобу китобдорӣ мулоқоти зиёиёни мамлакат баргузор гардид.
Китобхона бо ташаббуси Президенте, бунёд шуд, ки худ китобнавису китобшинос аст, муаррих ва дӯстдори фарҳангу тамаддуни миллат аст. Президенте, ки фармуд: “Китоб, ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад”.
Имрӯз Китобхонаи миллӣ дорои имконоти фарҳангиву маърифатӣ буда ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ аст. Дар он толорҳои хониш, толори феҳристнигорӣ, толори электронӣ, махзанҳо барои нигаҳдории китоб, дигар намудҳои асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шабакаҳои интернетӣ ва ғайраҳо ба хизмати хонандагону истифодабарандагон вогузор шудаанд.
Солҳои аввал дар Китобхона сатҳи нави хизматрасонӣ ба афзудани теъдоди хонандагон мусоидат менамуд. Ҳоло бошад қобили таваҷҷўҳ аст, ки шумораи хонандагон нафақат аз ҳисоби донишҷўён ва макотиби олию миёнаи махсус, олимону аспирантурҳо, балки аз ҳисоби хонандагони макотиби таҳсилоти миёна ҳам рў ба афзоиш ниҳодааст. Сафи хонандагони хориҷӣ низ бо теъдоди зиёд афзуда истодаанд.
Ҳамин тавр бо талошу ҳадафҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи миллӣ низ аз пешрафти технологияи муосир истифода бурда, барои мураттабсозӣ ва бунёдгузории китобҳои илмиву замонавӣ мувофиқи технологияи ҷаҳонӣ, хонандагонро бо китобҳои тозанашр ва дигар маводҳои лозима таъмин менамояд, ва ин на танҳо рамзи ифтихор, балки санади рахшони такомули пояҳои маънавии Истиқлолият ва Ваҳдати миллии тоҷикон маҳсуб меёбад.
     Хусусан шуъбаҳои толори хониш, феҳристнигорӣ, толори электронӣ, шуъбаи тарғиби ва чорабиниҳои фарҳанг барои хизматрасонӣ ба хонандагон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки фаъолияту муоширату одоби намунавӣ ва қаноатбахши кормандони Китобхонаи миллӣ талаботи хонандагонро қонеъ гардонида истодааст.
     Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Китобхонаи миллӣ ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Китобхона дар ҳамкорӣ бо китобхонаҳо, марказҳои иттилоотӣ ва сомонаҳои байналмилалӣ, бунёд ва инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, созмондиҳӣ ва истифодаи толорҳои хониши маҷозӣ ба роҳ монда шудааст. Китобхонаи миллӣ бо китобхонаҳои миллии кишварҳои Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ўзбекистон, Лаҳистон, Фаронса, Ветнам, Куриё, Арабистони Саудӣ ва ғайраҳо равобити ҳамкорӣ дорад.
     Дар раванди иҷрои корҳои китобдорӣ ва барои баланд бардоштани савияи дониши касбии китобдорон, ташкили курсҳои тахассусӣ, омўхтани психологияи касбӣ, бо назардошти ҷомеаи иттилоотӣ, рушди эҷодии касбии китобдорон, омўхтани курсҳои махсуси таснифотии соҳавӣ, курсҳои компютерӣ, омўхтани дарсҳои библиографӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар он мутахассисони варзидаи соҳа таълим медиҳанд, ки бисёр калон аст.
Факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа саҳми калон доранд.
Кормандони ҳамаи шуъбаҳо дар ҳама чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад, иштироки фаъол намуда, дар ташвиқи дониши китобхонашиносию библиографишиносӣ, таҳриру тақризнависӣ, тарбияи кадрҳо ҳисси босазо гузошта истодаанд.
Имрўз мо кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистонро мебояд, ки барои созандагиву ободонӣ, тарбияи насли наврас ва ҷавонон, ки ояндаи миллат мебошанд, роҷеъ ба китобхониву китобдўстӣ, ватаншиносиву ватандўстӣ тарбият намуда ва барои пешрафти соҳаи китобдорӣ талош варзем. Ин ҳама бо шарофати Ваҳдати миллӣ муяссар гардид. Ба қадри Ваҳдати миллӣ бояд расид. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дастовардҳои ин Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм бояд нигоҳ дорад.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон муборак бод!!!





Майсара Абдуллоева,

корманди Медиатекаи Президентии
Китобхонаи миллии Тоҷикистон