Activities calendar

17 марти 2020

Профессор Ғуломқадир Бобизодаро шиносем

  Донишманди шинохтаи кимиё, ки дар тиб ҳам маъруфият пайдо кардааст. Яке аз муваффақтарин олимони соҳа дар даҳаи аввал ва дуюми асри ХХI аст. Ғуломқадир Бобизода (бобиев Ғуломқодир Муккамолович) 17 марти соли 1960 дар деҳаи Навободи Холмуродии ноҳияи Ваҳдат, дар хонаводаи коргар дида ба олам кушодааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби деҳа гирифтааст. Вай он замон дар мактаб як хонандаи закӣ маҳсуб меёфт ва ҳарчанд ҳамаи фанҳоро хуб медонист, вале ба кимиё алоқамандии бештар дошт.

Ба баҳонаи зодрӯз: Маҳмадшариф Каримов кист?

Дар арафаи Наврўзи хуҷастапай устод Маҳмадшариф Каримов-як тан аз китобшиносони варзида ва собиқадори Китобхонаи миллӣ зодрӯз дорад. Устод Муҳаммадшариф Каримов аз зумраи касонест, ки умре китобдорӣ кардаву дар ин соҳа пажӯҳишҳои арзишмандеро анҷом додааст. Бо баҳонаи зодрӯз аз роҳи тайкардаи ӯ мехоҳем ёд кунем.

Сардори Маркази такмили ихтисос Каримов Маҳмадшариф Мусоевич, мутаваллиди соли 17.03.1957, хатмкардаи факултети китобдории Донишкадаи давлати фарҳанг ва санъати Тоҷикстон ба номи Мирзо Турсунзода – китобшиноси дараҷаи олӣ. 

 

ПОЛИГРАФИЯ: Ҳолат ва рушди дурнамои он

 Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи Академик М. С. Осимӣ  рӯзҳои 13-14 марти соли 2020 конрфонси байналмилалии илмӣ-амалии таҳти унвони «Полиграфия: ҳолат ва рушди дурнамои он» дар баргузор гардид.

Дар конфронси  мазкур тамоми олимону муҳақиққону дониҷуёни кишварҳои ИДМ ширкат варзиданд ва суханронӣ намуданд.

Туҳфаи ноширони Ӯзбекистон

 Ба китобхонаи миллӣ 32 нусха китоб аз нашриётҳои мухталифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим шуд. Акнун хонандагони ӯзбекзабони мо имкон доранд бо як силсила китобҳо ба забони ӯзбекӣ, ки бахше бо ҳуруфи лотинӣ ва бахши дигар бо ҳуруфи крилӣ чоп шудаанд, ошно шаванд ва онҳоро дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.