ПОЛИГРАФИЯ: Ҳолат ва рушди дурнамои он
Нашр шуд 2020-03-17 15:54
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи Академик М. С. Осимӣ рӯзҳои 13-14 марти соли 2020 конрфонси байналмилалии илмӣ-амалии таҳти унвони «Полиграфия: ҳолат ва рушди дурнамои он» дар баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур тамоми олимону муҳақиққону дониҷуёни кишварҳои ИДМ ширкат варзиданд ва суханронӣ намуданд. Дар конфронс самтҳои технологияи иттилоотӣ, иқтисодиёт, бехатари экология ва китобшиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар самти китобхонашиноси ҳайати кормандону мутахассисони ҷавони Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбари Гадобек Маҳмудов ва Ҷамил Валиев, кормандон Шариф Наботов, Назира Толибова ва директории китобхонаи ДДФСТ ба номи М.Турсунзода Сайдзароб Нодиров, омўзори ДДФСТ ба номи М.Турсунзода Нилуфар Равшанова, директори китобхонаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиакбар Ҳайтзода ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Набов Шариф,
корманди шуъбаи маълумотдиҳи библиографӣ