Activities calendar

16 марти 2020

Ҳар кас талаби Наврўз кунад...

Бо фарорасии баҳори нозанин чанд рўзи охир кишвари зебоманзари моро як руҳияи баланди ифтихору сарфарозӣ аз истиқболи ҷашни бузурги аҷдодӣ – Наврўзи оламафрўз фаро гирифтааст ва аз ҳар гўшаю канор, ҳар хонадони соҳибиқболи он садои ин ҷашни зиндагисоз ҳамҷуриву ҳамнавоӣ доранд, ба гўш мерасад. Воқеан, Наврўз ба ҳама шодиву хурсандиҳо шоиставу арзанда аст, зеро бузургони мо фармуданд, ки «Ҳар кас талаби Наврўз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву

Наврўз шуду лолаи хушранг баромад...

«Наврўз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврўз дубора зинда мешуданд. Наврўз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст»

Эмомалӣ Раҳмон

 

Сайре дар ҳикматҳои наврӯзӣ

 Дар ин айём мардумон дар боғҳо сайругашти идона намуда, духтарон дар шохаҳои дарахт бо белинчак бод мегирифтанд, ки ин манзара хеле ҳам зебову хотирмон буд. Либосҳои идонаи занон нисбат ба либосҳои мардона фарқе доштанд. Мардон тоқии чоргул ба сар мегузоштанд, ки он рамзи чор фаслро дошт. Лекин занон, ки ба монанди табиат офаридагор буданд, дар матоъҳои либосҳояшон гулҳои  табиатро нақшбардорӣ 

Шаступанҷ соли Юнус Юсуфӣ – Муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Забони офаридаҳои Юнус Юсуфӣ суфтаву равон, банду басташон қавӣ, ҳадафашон муайяну мушаххас буда, дар онҳо ҷаҳони ботини қаҳрамонон, тазодҳои рӯҳиву равонии онҳо дар лаҳзаҳои ҳассос ба ҳалқаи тасвир оварда шудаанд.

 ЮНУС ЮСУФӢ 15 марти соли 1955 дар деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1972, вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, соли 1976 ба итмом расондааст. Муддате чанд дар зодгоҳаш омӯзгорӣ ва дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Сипас дар Театри халқии Панҷакент мудири бахши адабӣ будааст. Пас аз сафари хидматӣ дар Афғонистон (солҳои 1987-2000)