Ҳар кас талаби Наврўз кунад...

Бо фарорасии баҳори нозанин чанд рўзи охир кишвари зебоманзари моро як руҳияи баланди ифтихору сарфарозӣ аз истиқболи ҷашни бузурги аҷдодӣ – Наврўзи оламафрўз фаро гирифтааст ва аз ҳар гўшаю канор, ҳар хонадони соҳибиқболи он садои ин ҷашни зиндагисоз ҳамҷуриву ҳамнавоӣ доранд, ба гўш мерасад. Воқеан, Наврўз ба ҳама шодиву хурсандиҳо шоиставу арзанда аст, зеро бузургони мо фармуданд, ки «Ҳар кас талаби Наврўз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву  нишот бирасад».

Наврўз барои мардуми мо шукўҳу шаҳомати хоса дорад, зеро он  сатҳи байлмилалиро доро гардидааст. Қайд кардан лозим аст, ки тамаддуни кайҳонӣ, замини наврўзӣ, ватанӣ, модарӣ, забони халқӣ, миллативу фар­ҳан­гиву илмиву Вахшобии ваҳдонӣ ва сулҳу амонӣ фарогири ҳамаи мавҷудоти оламиву ода­мист. Олимони ҷаҳон исбот кардаанд, ки моҳ, ситораҳо ва ҳамаи ҷирмҳои осмонӣ ва сайёраи одамӣ аз сангҳои вулқонии офтоби газианд.

 Замин аз ибтидо чор фасли сол дошт. Ин ба бисёр қитъаҳои олам хос буд. Аммо асрори онро кам медонистанд. Пеш аз замони Ҷамшед ҳам оли­мони олам, аз ҷумла, шарқиён аз ин асрор андаке воқиф гар­диданд. Дар замони Ҷамшеди сосониён ин иди кишоварзиро ҷашн гирифтанд. Дар дигар кишварҳо ҳам баҳор бо номҳои гуно­гун пешвоз гирифта мешуд.  

Иди Наврўз нишонаи яке аз ҷашнҳои қадимаю бостонии мардуми форсу тоҷик қадрдонӣ мешавад. Ин ба фасли баҳор рост меояд. Аз ин ҷониб китобдорони китобхонаҳои ҷумҳурии мо ҷашнро бо як ҷаҳон умеду орзуҳо истиқбол мегиранд. Баҳри боз ҳам хубтару беҳтар гузаронидани ҷашни мазкур  дастури методӣ барои аҳли кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ омода гардида шуд, ки ҳамчун роҳнамоест барои китобдорони кишвар.  

ДАСТУР: Нарӯз муборак!

Ҷамил Валиев,

сармутахассиси шуъбаи нигахдории китоб

 
Дарёфти мавод: 
Барчаспҳо: