Шаступанҷ соли Юнус Юсуфӣ – Муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Нашр шуд 2020-03-16 08:07
Забони офаридаҳои Юнус Юсуфӣ суфтаву равон, банду басташон қавӣ, ҳадафашон муайяну мушаххас буда, дар онҳо ҷаҳони ботини қаҳрамонон, тазодҳои рӯҳиву равонии онҳо дар лаҳзаҳои ҳассос ба ҳалқаи тасвир оварда шудаанд.
ЮНУС ЮСУФӢ 15 марти соли 1955 дар деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1972, вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, соли 1976 ба итмом расондааст. Муддате чанд дар зодгоҳаш омӯзгорӣ ва дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Сипас дар Театри халқии Панҷакент мудири бахши адабӣ будааст. Пас аз сафари хидматӣ дар Афғонистон (солҳои 1987-2000) дар рӯзномаи ноҳиявии «Зарафшон» вазифаи мудири шуъбаи адабиётро бар уҳда доштааст. Ҳоло муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Аз ҷумлаи носирони муваффақи ҷумҳурӣ буда, навиштаҳояш дар авроқи васоити ахбори умум, маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ва мустақими «Садоҳо хомӯш намешаванд», «Зан ва анкабут», «Афсонаи Ҳафтдодарон», «Оташафрӯз», «Шинак» ва ғайра чоп шудаанд.
Романи «Оташафрӯз» дар мавзӯи ҷанги миёни артиши шӯравӣ ва чирикҳои афғонӣ баҳс мекунад ва ин фоҷиа дар мисоли пуштисаркардаҳои як нафар тоҷикписар дунболагирӣ ва, дар маҷмӯъ, ҷанг маҳкум карда мешавад. Романи «Шинак» ҷабру ситами бегонагон бар миллати мо ва аз роҳи маданияту фарҳанг посух гуфтани тоҷикон ба онҳоро бо ёрии рамзу тамсилу устура баён месозад ва ҳамагонро ба бедорӣ ва ҳамеша омода будан барои ҳифзи марзу бум даъват мекунад.
Забони офаридаҳои Юнус Юсуфӣ суфтаву равон, банду басташон қавӣ, ҳадафашон муайяну мушаххас буда, дар онҳо ҷаҳони ботини қаҳрамонон, тазодҳои рӯҳиву равонии онҳо дар лаҳзаҳои ҳассос ба ҳалқаи тасвир оварда шудаанд.
Барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ.
Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Аз Юнус Юсуфӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Садоҳо хомўш намешаванд. – Душанбе: Адиб, 1996. – 92 с.
Оташфурўз. – Душанбе: Адиб, 2006. – 264 с.
Афсонаи ҳафтдодарон. – Душанбе: Адиб, 2007. – 232 с.
Шинак: Роман ва ҳикояҳо. – Душанбе: Адиб, 2012. – 272 с.
Одамони наҷиб. –Душанбе, 2015. – 176 с.
Рустами Достон дар деворнигораҳо: Ба ифтихори ҳазораи «Шоҳнома» // Садои мардум. – 1991. – 3 август.
Шамшеру қалам: Публитсистика // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 3декабр.
Атиқафурўш; Меҳрубон: Ду ҳикоя // Садои Шарқ. – 2016. – №2. – С.55-65.
То даме ки модарам дар хона буд: Мусоҳибаи рўзноманигор Л. Қурбонова бо муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Юнус Юсуфӣ // Бонувони Тоҷикистон. – 2017. – октябр. – С. 22-24.
Шаби оташ: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 8 феврал.
Китоб моро наҷот медиҳад: Порае аз суханронии муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Юнус Юсуфӣ дар «Сеюмин Конгресси байналмилалии хониш» дар шаҳри Остона // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 20 сентябр.
Қиссаи хошарўбу наҳрадор ва саранҷоми ин деҳу дор: Ҳикоя // Адабиёт ва санъат. – 2002. – 2 октябр.
Буттаи ғам: Қисса // Раҳшо. – 2002. – №28. – март.
Авлиёпур, Ҳ. Маҳорати ҳикоянависӣ: Перомуни ҳикояи нависанда Юнус Юсуфӣ бо номи «Бозгашт ба зодгоҳ ва мушоҳидаи роҳ» // Фараж. – 2018. – 24 январ.
Маркес, Г. Рўзе аз он рўзҳо: Ҳикоя / Тарҷумаи Юнус Юсуфӣ // Садои Шарқ. – 2017. – №12. – С.106-108.
Насрулло, К. Перояи рангини ҳунар: Роҷеъ ба фаъолияти нависандаи шинохта Юнус Юсуфӣ // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 4 январ.
Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ