Куштаи ишқи Ватан
Нашр шуд 2017-07-28 13:52
Пиримқул Сатторӣ аз ҷумлаи шоирони навгӯ буд. Кори рӯзноманигорӣ мекард. Аз журналистони матраҳи Қурғонтеппа маҳсуб мешуд. Ҳадафи тири душманони истиқлолияти кишвар шуд ва дар синни 55-солагӣ кушта гардид.
Пиримқул Сатторӣ 1-уми августи соли 1938 дар деҳаи Ҳавзи ноҳияи Бойсуни Ҷумҳурии Ўзбекистон ба дунё омадааст.
Соли 1962 факултаи филологияи Донишкадаи омўзгории шаҳри Душанберо хатм карда аст. Ходими рўзномаҳои ноҳияи «Вахш» ва «Ҳақиқати Қўрғонтеппа» будааст.
Шеърҳояш дар маҷмўаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмўаҳои «Пайғом»(1979) , «Боли парвоз» (1986) , «Хўшаи парвин» (1989) мебошад.
Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагон буд.
28-уми майи соли 1993 дар шаҳри Қурғонтеппа аз ҷониби шахсони номаълум ба қатл расидааст.
Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб, 2002. – С. 484.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Пиримқул Сатторӣ метавонед ин матолибро мутолиа намоед:
Сатторӣ П. Бойчечак: Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1963. – 28 феврал.
Сатторӣ, П. Суруди дил: Шеър // Занони Тоҷикистон . – 1963. – №3. – С . 12.
Сатторӣ, П. Ба номи Тоҷикистон : Суруд // Пионери Тоҷикистон. – 1964. – 30 ноябр.
Сатторӣ, П. Нашъаи баҳор: Шеър // Тоҷикистон советӣ. – 1969. – 21 март.
Сатторӣ, П. Нидои ҷанговар: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1969. – 9 май.
Сатторӣ. П. Инқилоб: Шеър // Коммунисти Қўрғонтеппа. – 1969. – 6 ноябр.
Сатторӣ, П. Шеъри нав мегўям: Шеър // Коммунисти Қўрғонтеппа. – 1970. – 21феврал.
Сатторӣ, П. Турнаҳо: Шеър // Тоҷикистон советӣ. – 1970. – 29 март.
Сатторӣ, П. Пахта бичин тезу тез: Шеър // Коммунисти Қўрғонтеппа. – 1970. – 10 октябр.
Сатторӣ, П. Ду шеър // Коммунисти Қўрғонтеппа. – 1970. – 31октябр.
Сатторӣ, П. Инқилоб: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1971. – 1 январ.
Тарҷумаҳои Пиримқул Сатторӣ:
Шайхзода,М. Мо коммунист мешавем: Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1969. – 19 март.
Мухтор, А. Шарорапораҳо: Шеър // Ҳақиқати Қўрғонтеппа. – 1981. – 17 сентябр.
Амон, Р. Хиёнат: Шеърҳо // Ҳақиқати Қўрғонтеппа. – 1981. – 11 декабр.
Ғамзатов, Р. Ду қитъа / Тарҷумаи Сатторӣ // Ҳақиқати Қўрғонтеппа. – 1982. – 25 август.
Дудин, М. Ба ҷавони ҳамполкам; Зиндагӣ: Шеърҳо // Ҳақиқати Қўрғонтеппа. – 1985. – 1 май.
Сафронов, А. Кобул: Шеър / Тарҷумаи Сатторӣ // Ҳақиқати Қўрғонтеппа. – 1987. – 26 август.
Марков, А. Вақти Москва: Шеър // Ҳақиқати Қўрғонтеппа. – 1987. – 9 сентябр.
Таҳияи Зафар Ғолибов
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ