Чанд сухане дар бораи профессор Ҳамид Мансуров

Профессор Ҳамид Мансуров аз чеҳраҳои маъруфтарини тибби тоҷик буд. Муаллифи зиёда аз 900 асари илмӣ, 18  монография, дорандаи унвонҳои зиёди илмӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ буд.  Зери роҳбарии  Мансуров 80 рисолаи номзадӣ ва 18 рисолаи доктории илм ҳимоя карда шудааст.

Мансуров  Ҳамид Ҳусейнович дар Самарқанд  20-декабри  соли 1925  таваллуд ёфтааст. Соли 1958 терапевт, доктори  илмхои  тиб профессор соли (1961). Узви  пайвастаи АИ ҶТ(1978: узви вобаста 1961), Ходими  шоистаи  илми ҶШС  Тоҷикистон (1976), дорандаи  Мукофоти давлатии Тоҷикистон  ба номи Абўали ибни Сино (1981),  Мукофоти  АИ  Ҷ Т ба номи  Е. Н.Павловский (2003).

Соли 1947, баъди хатми Институти тиббии  Самарқанд, дар аспирантура таҳти  роҳбарии академики АИТ  ИҶШС  А. Л. Мясников  таҳсил кардааст. Солҳои 1951-1954 ассистент, баъд дотсент ва  иҷрокунандаи  вазифаи  мудири  кафедраи  терапияи  ДДТТ.

Аз  соли 1954 то 1958 докторанти Институти  терапияи АИТ ИҶШС. Солҳои 1958-1975 мудири кафедраи терапияи госпиталии ДДТТ, ҳамзамон  директори Институти  тадқиқоти илмии тибби кишварӣ (ҳоло  Институти гастроэнтерологияи АФ ҶТ; 1962- 2000). Аз соли 2000  профессори фахрии ҳамин  институт.

Солҳои  1990-1995 ноиби президенти АИ  ҶТ буд.  Дар соҳаҳои  гастроэнтерология (пеш аз ҳама гепатология), кардиология, гематология, нефрология, пулмонология ва ғайра пажўҳиш мебурд. Муаллифи зиёда аз 900 асари илмӣ, 18  монография буд.

 Мансуров яке аз асосгузорони биопсияи сўзании ҷигар дар собиқ ИҶШС мебошад. Шогирдони Мансуров оид ба ин мавзўъ  4 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд. Зери роҳбарии Мансуров нақши патогенези ҳипертензияи порталӣ  ва астсит  ҳини сиррози ҷигар таҳия карда шудааст. Солҳои  70- уми асри XX Мансуров бо шогирдонаш ба таҳқиқи сохтори  гиалин ва аҳамияти ташхисии он, хусусиятҳои стеатоз, ҳепатит ва сиррози ҷигари пайдоишаш этанолӣ  даст зада,ба  комёбиҳои  назаррас  ноил  гашт. Баъди дар вилояти  Хатлон рух намудани бемории дистрофияи ҳелиотропӣ Мансуров бо шогирдонаш беморонро аз муоина гузаронда, барои ишора кардани маризӣ истилоҳи “Ҳепатоангиопатияи  ҳелиотропӣ”- ро пешниҳод  намуд. Баъдтар  дар Ҷаласаи  терапевтҳои  ҷамоҳири  Осиёи  Марказӣ  (сентябри с. 1994) дар шаҳри Тошкент  пешниҳод шуд, ки “Бемории Мирочник – Мансуров” низ номида шавад. 

Зери роҳбарии  Мансуров 80 рисолаи номзадӣ ва 18 рисолаи доктории илм ҳимоя карда шудааст. Бо ташаббуси Мансуров соли 1990 дар шаҳри Душанбе чопи маҷаллаи“Проблемы  гастроэнтерологии”(муассисон АИ ИҶШС, АИ ҶТ ваҶамъияти умумииттифоқии гастроэнтерологҳо) ба роҳ монда шуд, ки алҳол зери сарпарастии АИ ҶТ ва Ассотсиатсияи гастроэнтерологҳои минтақавӣ  ба табъ мерасад.

Узви фахрии Ҷамъияти  гастроэнтерологҳои Маҷористон (1974) ва Булғористон (1977), узви вобастаи Ҷамъияти гастроэнтрологҳои Лаҳистон буд.

Саргастроэнтерологи Вазорати тандурустии ҶШС Тоҷикистон, муовини раиси Ҷамъияти илмии умумииттифоқии гастроэнтерологҳо, муовини раиси Ҷамъияти илмии умумииттифоқии терапевтҳо, раиси  комиссияи назди Раёсати АФ ҶШС Тоҷикистон оид ба омўзиши захираҳои доруии Тоҷикистон, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои “Ахборот”- и АФ ҶШС Точикистон, “Центрально-Азиатский медицинский журнал”,  “Терапевтический архив” ва “Клиническая медицина”, Энсиклопедияи Советии Тоҷик, нашри сеюми Энсиклопедияи Калони Тиббӣ (БМЭ; бахши гастроэнтерология), раиси Ҷамъияти илмии ҷумҳуриявии гастроэнтерологҳо, котиби генералии Ташкилоти  умумиҷаҳонӣ оид ба омўзиши ҳолати меъда дар  арафаи бемории саратон буд.

Барои силсилаи дарсҳо оид  ба гепатология дар Академияи тиббии Чин сазовори дипломи “Барои фаъолияти академӣ” ва медали Вазорати тандурустии Чин гаштааст.

Бо орденҳои Ленин, Инқилоби Октябр, Исмоили Сомонӣ ва медалҳо мукофотонида  шудааст.

Ў соли 26 августи соли 2013 дар синни 88-солагӣ аз олам чашм пўшид.

Бозчоп  аз Энсиклопедияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино. – Душанбе: Эҷод, 2009. – С. 373 - 374.

Аз марҳум Ҳамид Мансуров ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин асарҳо ва мақолаҳоро бихонед.

Мансуро,  Х. Авицена о некоторых болезнях органов пищеварения и правильном питании / Х. Мансуров . – Душанбе, 1980. – 44 с.                            

Мансуров, Х. Фиброзы печеньи / Х. Мансуров; Г. Мироджов; Н. Раджабова. –  Душанбе, 200 . – 132 с.  

Дар бораи Ҳамид Мансуров

Доро, ДҲиммати мард: Профессор Ҳ. Мансуров бо мукофоти Абўалӣ Сино пешниҳод карда шудааст // Маориф ва маданият. – 1973. – 15 феврал.

Мирзоев, К. Давогар: Очерк аз ҳаёт ва фаъолияти академик, директори Институти гастроэнтерологии АФ Тоҷикистон Ҳ.Мансуров //  Тоҷикистони советӣ. – 1984. – 17 апрел.

Оффенгенден,Э. Ҳампои  ҳаёт: Ходими Хизматнишондодаи  илм, лауреати мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Ауалӣ Ибни Сино, академик Ҳамид Ҳусейнович Мансуров // Садои Шарқ. – 1986. –№8. – С.52-65.

Икромӣ,Ҷ. Прайрави Абўалӣ Сино: Ходими хизматнишондодаи  илм, докторанти илмҳои тиб Ҳ.Ҳ.Мансуров // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 22 октябр. – С14-15.

Махсумзод, Р. Ҷигарполудаҳоро дил барафрўхт: Ба ифтихори 80- солагии Академик Ҳамид Мансуров // Чархи гардун. – 2005. – 2 декабр. “Фикри ман дар бораи Ҷавонон”: Ба муносибати 80 солагии академик Ҳамид  Ҳусейнович Мансуров // Минбари халқ. – 2005. -14 декабр. Мансуров, Ҳ. Кўлборе  лабрези  дарду шодиҳо: Сўҳбати Б.Қодирдухт бо доктори илми тиб, профессор Ҳамид Мансуров  // Ҷумҳурият. – 2006. – 6 май.

Таҳияи  Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи
библиографияи  миллӣ