Адибе буд, ки дар айни камолоти эҷодӣ аз миён рафт. Дар 37-солагӣ дар майдони ҷанг, барои озодии Ватан аз ишғолгарони фашистӣ ба шаҳодат расид. Вале то имрӯз ҳар сатри аз ӯ меросмонда хонданист.
Ҳаким Карим соли 1905 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи тоҷир ба дунё омадааст. Соли 1925 омўзишгоҳи кишоварзии Хуҷандро хатм карда, муддате дар шуъбаи ташвиқоту тарғиботи кумитаи комсомолии шаҳри Душанбе ва аз соли 1927 дар вазифаи котиби комиҷроияи Шурои вакилони халқи Кўлоб кор мекунад. Дар муҳорибаҳои зидди босмачиён иштирок кардааст.
Дар Институти кишоварзии Тоҷикистон таҳсил карда, муддате чанд дар Нашриёти халқҳои шўравӣ дар Маскав адои хизмат намудааст. Дар Душанбе ба корҳои тарҷумонӣ, таҳрир ва эҷод иштиғол варзида, вазифаи муҳаррири рўзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» - ро низ замоне ба ўҳда дошт.
Фаолияти эҷодиаш ба охири солҳои бистум рост меояд. Вай дар иншои ҳикояҳои марғуб ва новела мумтоз буд. Аввалин ҳикояҳои ў «Тўҳфа» ва «Бегўш» соли 1932 дар моҳномаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ба табъ расидаанд.
Маҷўаҳои «Садои рўзҳо» (1933), «Ҳикояҳои майда» (1935), «Ҳикояҳои устоди дарзнах» (1935), «Оқшуда» (1936) ва «Ҳикояҳо» беҳтарин офаридаҳои ўро дар бар мегиранд. Соли 1935 дар мавзўи муборизаи зидди босмачиён ба таълифи повест сар кард, ки нотамом мондааст ва баъзе порчаҳояш дар моҳномаи «БАС» чоп шудааст.
Соли 1934 дроми «Ҷанговарон» - ро эҷод кард ва дар озмун ғолиб омад. Бо ҳамқаламии Дунган дроми «Соли 1916» - ро навишт, ки соли 1940 ба саҳна гузошта шуд.
Соли 1931 дар Маскав ба алифбои форсӣ ҳикоя ва чистонҳои халқии гирдовардаи ў чоп шуд. Баъдан дар таҳияи ў китобҳои «Канаҳаки рўкандаю мўканда» ва «Афсонаҳои халқӣ» (1941) ба табъ расидаанд.
Чанд ҳикояи А. Чехов, М. Горкий ва баъзе бобҳои романи «Анна Каренина» - и Л.Н.Толстойро ба тоҷикӣ гардонидааст, ки дар саҳифаҳои моҳномаи «Шарқи Сурх» чоп шудаанд.
Дар соли 1942 дар ҷабҳаи Старая Русса ҳалок гардидааст.
Аз мероси Ҳаким Карим ва дар бораи ӯ шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро бихонед:
Ҳаким, К. Канаҳаки рўкандаю мўканда. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1941. – 8 с.
Ҳаким, К. Афсонаҳои халқӣ. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1952. – 6 с.
Ҳаким, К. Ҳикояҳо. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1957. – 114 с.
Ҳаким, К. Оқшуда: Асарҳои мунтахаб. – Душанбе, 1965. – 369 с.
Ҳаким, К. Оқшуда. – Душанбе: Ирфон, 1965. – 367 с.
Ҳаким, К. Дар он солҳои пурошўб. – Душанбе: Ирфон, 1968. – 70 с.
Ҳаким, К. Ҷоду. – Душанбе: Ирфон, 1969. – 23 с.
Ҳаким, К. Одам дар халта. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 152 с.
Ҳаким, К. Ёдоштҳои ҳамкорон ва дўстон. – Душанбе: 1998. – 62 с.
Ҳаким, К. Одам дар халта. – Душанбе: Адиб, 2005. – 96 с.
Дар бораи Ҳаким Карим
Ҷавҳаризода. Қисмати Карим. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1958. – 31 с.
Камолиддинов, Б. Ҳ. Карим мухтасаре оид ба ҳаёт эҷодиёт ва услуби адабӣ. – Душанбе: Ирфон, 1965. – 80 с.
Камолиддинов, Б. Ҳаким Карим. – Душанбе: Ирфон, 1965. – 84 с.
Камолиддинов, Б. Забон ва услуби Ҳаким Карим. – Душанбе: Ирфон, 1967. – 184 с.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ