Ёқути Ҳамавӣ Шиҳобуддин Абиабдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ар-Румӣ, ал-Ҳамавӣ (тақр. 1179, Осиёи Хурд – 1229, Ҳалаб), олим, сайёҳ, муаррих ва ҷуғрофиёдони маъруфи асримиёнагӣ. Дар хонадони юнонӣ таваллуд шуда, дар хурдсолиаш ба дасти мусулмонон асир афтод. Ўро дар бозори ғуломфурўшии Бағдод тоҷире бо номи Аскар ибни Абунаср Иброҳими Ҳамавӣ аз шаҳри Ҳамоҳ харидорӣ намуд. Бо ин сабаб нисаби соҳибаш аз Ҳамавӣ ба Ёқутӣ гузашт.
Азбаски Ёқути Ҳамавӣ падарашро намедонист, аз рўйи анъана ўро «Ибни Абдуллоҳ» мегуфтанд. Чун хоҷаи Ёқути Ҳамавӣ чандон саводи хуб надошт, ўро дар мактаб гузошт, то дар корҳои ҳисобу китоби тиҷораташ ба ў ёрӣ расонад. Ёқути Ҳамавӣ аз давраи ҷавонӣ бо супориши хоҷааш барои тиҷорат ба Ироқу сарзамини Шарқи Миёна, аз ҷумла Уммон, ҷазираи Киш, Шом сафар карда, пас аз бозгашт аз ғуломӣ озод шуд.
Баъди чанд муддат Ёқутӣ Ҳамавӣ тавассути хоҷааш аз кори тиҷорат барканор ва дар бозори Варроқини Бағдод ба хаттотӣ, нусхабардорию фурўши китоб машғул шуд. Соли 1199 Ёқути Ҳамавӣ дубора аз ҷониби хоҷааш барои тиҷорат ба Киш фиристода шуд. Ёқутӣ Ҳамавӣ ҳангоми бозгашт аз фавти хоҷааш хабардор шуда, як ҳиссаи даромади тиҷоратро ба ихтиёри ворисони ў гузошта, қисми дигари онро сарфи тиҷорату саёҳати худ ба шаҳрҳои Арабистону Эронзамин кард (аз 1213).
Дар ин давра ў баъзе асарҳои хавориҷро мутолиа карда, ба ақидаи аҳли ташайюъ шинос шуд. Ёқути Ҳамавӣ соли 1217 дар бозори шаҳри Димишқ бо яке аз аҳли ташайюъ баҳсу мунозараҳои шадид анҷом дода, аз тарси мардуми шўрида нахуст ба Ҳалаб ва сипас ба шаҳрҳои Мавсилу Арбил паноҳ бурд. Аз он ҷо бо мақсади тиҷорат ба сўйи Хуросон раҳсипор шуда, бештари вақташро дар китобхонаҳои Марв, Нисо ва Хоразм ба мутолиаи китоб гузаронид.
Ёқути Ҳамавӣ соли 1220 аз ҳуҷуми муғул ба Хоразм хабардор шуда, аз Марв тавассути Мавсилу Синҷор ба Ҳалаб рафт ва то охири ҳаёташ дар мавзеи ал-Хон иқомат дошт. Асарҳои зиёде ба қалами Ёқути Ҳамавӣ мансуб дониста мешаванд: «Муъҷаму-л-удабо» («Фарҳанги адибон») ё «Иршоду-л-ариб ило маърифати-л-адиб» («Раҳнамои доно ба маърифати адиб»), «Муъҷаму-л-булдон» («Фарҳанги кишварҳо»), «Муъҷаму-ш-шуаро», «ал-Муштарак вазъан, ал-мухталаф саъкан», «ал-Мабъад ва ал-маод фи-т-тоърих ва-д-дувал», «Маҷмуъу каломи Абиалӣ ал-Форсӣ», «Унвону китоби-л-ағонӣ», ал-Муқтазаб фи-н-насаб» ё «Китобу ансобу-л-араб», «Ахбору-л-Мутанаббӣ» ва ғайра.
Дар байни таълифоти илми Ёқути Ҳамавӣ «Муъҷаму-л-булдон» мавқеи асосӣ дошта, дар он оид ба шакли замин, тақсими иқлимҳо, бурҷҳо, кишварҳо, сарзаминҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофиёӣ маълумот гирдоварӣ шудааст. Дар китоби дигараш «Иршоду-л-ариб ило маърифат-л-адиб» шарҳи аҳвол, осор ва намунаи ашъори донишмандон ба тартиби ҳарфҳои ҳиҷо гирд оварда шудааст. Ин ду китоби Ёқути Ҳамавӣ дар кишварҳои Аврупо ва Шарқи Миёна ба табъ расидаанд.
Бозчоп аз Энсклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 413-414.
Муаллифон: Р. Мардонӣ, А. Саидов
Таҳияи Аниса Набиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.