Туҳфаи ноширони Ӯзбекистон

 Ба китобхонаи миллӣ 32 нусха китоб аз нашриётҳои мухталифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим шуд. Акнун хонандагони ӯзбекзабони мо имкон доранд бо як силсила китобҳо ба забони ӯзбекӣ, ки бахше бо ҳуруфи лотинӣ ва бахши дигар бо ҳуруфи крилӣ чоп шудаанд, ошно шаванд ва онҳоро дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Китобҳои “Дуст Билон Обод  Уйинг”, муаллиф Эркин Воҳидов, ки соли 2019 дар нашриёти “Zamin Nashr”-и шаҳри Тошканд нашр шудааст, “Назм ул-жавоҳир”-и Алишери Навоӣ, соли нашр 2019, шаҳри Тошканд, “Абу  Али  ибн  Сино”-и Абдуҷалол Раҳим, нашриёти  “Kamolak”, соли 2019,  китобҳои Салим Ашӯр “Катта офтоб” ва “Титроқ”, ки соли 2013 дар шаҳри Тошканд нашр шудаанд, аз  ҳамин ҷумлаанд. 

Маврид ба ёдоварист, ки ин китобҳо рақамгузорӣ шуда, ба шуъбаҳои дахлдори Китобхона ирсол шудаанд.

 

Исроил Иброҳимов,

мутахассиси  шӯъбаи

маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ