Барномаи «Фуруғ”-и толори кўдакон ва наврасон ин бор ба мавзуъи устод Садриддин Айнӣ бахшида шуд. Устод Айнӣ аз бузургмардони адабиёти муосири тоҷик аст, ки бо асарҳои мондагор ва талошҳояш барои ҷойгоҳи миллату забони он маъруфият дорад. Таҳиякунандагони ин барнома ин бор хостанд дар бораи ин нобиғаи аср суҳбати дилнишин ва шавқоваре дошта бошанд. Ба баррасии ширкаткунандагон, ки аз мактаб-интернати рақами яки кӯдакони ятими шаҳри Душанбе ва Литсеи №2 пойтахт омада буданд, повести машҳури “Марги судхӯр” гузошта шуд. Дар як баҳси кутоҳ хонандагоне, ки ин қиссаи шавқовар ва машҳурро хонда буданд, изҳори назарҳои ҷолиб карданд. Сабтибарномаимазкурро аз телевизионикудаконванаврасон «Баҳористон » ба наворгирифтанд, ки рӯзҳои наздик намоиш дода хоҳад шуд.