Конститутсия – бахтномаи миллат

4 – уми  ноябри соли 2016  чорабинии фарҳангию маърифатӣ  бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси  шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ  дар Бахши кўдакон ва наврасон баргузор гардид. Чорабиниро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова ҳусни оғоз бахшида, меҳмонону иштирокчиёнро аз номи директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода ба муносибати рӯзи Конститутсияи кишвар муборакбод намуданд.
Сипас, меҳмони чорабинии мазкур, роҳбари Дастгоҳи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон  Абдураҳмон Хонов  дар бораи мақому манзалат, сарнавиштсоз будани Канститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, ба иштирокчиёни ин чорабинӣ дар бораи арзиши баланд доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки бо шарофати Канститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқу миллати шарифи тоҷик дар замони Истиқлолият насиб гардидааст,  маълумот дод.
Наврӯз Шоев, сардори шуъбаи адлия нисбати ноболиғон дар мавзўъи ҳуқуқҳои кўдак суханронӣ кард. Инчунин, Сарфия Назармамадова - муаллимаи фанни давлат ва ҳуқуқ дар бораи Конститутсия ва аҳаммияти он дар ҳаёти ҳар шахс баромад намуд.
Дар қисмати дувуми чорабинии мазкурро хонандагони Литсеи “Роҳнамо” - и шаҳри Душанбе дар бораи Канститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳмонон саволу ҷавоб карданд.